Низомии исроилӣ: Исроил ба кишвари манфур табдил шудааст
Байналмилал
Женерол Ёир Гулон, раиси собиқи Ситоди кулли артиши Исроил хитоб ба Натонёҳу: “Як кишвари оқил алайҳи ғайринизомиён намеҷангад ва навзодонро барои саргармӣ намекушад”
Женерол Ёир Гулон, раиси собиқи Ситоди кулли артиши Исроил гуфт:
«Исроил ба як кишвари манфур байни миллатҳо табдил мешавад, мисли Офриқои Ҷанубӣ дар гузашта (даврони опортоид). Бояд бознигарӣ шавад ва мисли як кишвари оқил ва мантиқӣ рафтор кунад. Як кишвари оқил алайҳи ғайринизомиён намеҷангад ва навзодонро барои саргармӣ намекушад ва табъиди ҷамъиятро барои худ таъйин намекунад. Ин давлат (давлати Натонёҳу) пур аст аз афроде, ки ҳеч рабте ба яҳудият надоранд, одамҳои интиқомҷӯ, бедин ва беахлоқ».
Қаламонлайн