Николас Мадуро: “Муҳимтарин ҷанге, ки башарият дорад, барои озодии Фаластин аст”

Николас Мадуро: “Муҳимтарин ҷанге, ки башарият дорад, барои озодии Фаластин аст”

 “Таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки саҳюнистҳо тавофуқро имзо карданд ва сипас ба Сурия рӯй оварданд”

Ахбори байналмилал

Presstv

Раиси ҷумҳури Венесуэла зимни таъкид бар ҳимояти кишвараш аз Ғазза, дар бораи ҳамалоти режими саҳюнистӣ алайҳи кишварҳои арабӣ ҳушдор дод.

Ба гузориши PressTV, Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла, ормони Фаластинро дар садри мутолиботи башардӯстона дар ҷаҳон эълом кард.

Мадуро дар суханронии худ дар конфронси ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо Фаластин дар Каракас, пойтахти Венесуэла гуфт: “Агар шумо ба далоили муборизот аз қарни гузашта барои эҷоди ҷаҳоне одилона нигоҳ кунед, ормони Фаластин одилонатарин ормони башарият аст; ҳадафе, ки башариятро муттаҳид мекунад.”

Вай бори дигар бар ҳимояти қотеонаи Венесуэла аз ҳаққи мардуми Фаластин дар ташкили кишвари мустақил таъкид кард ва гуфт: “Ормони Фаластин ба андозаи ҳаққи мавҷудияти Венесуэла, Омрикои лотин ва Короиб аҳамият дорад. Венесуэла дар ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин меистад.”

Раиси ҷумҳури Венесуэла ҳамчунин афзуд: “Муҳимтарин ҷанге, ки башарият дорад, барои озодии Фаластин аст. Мардуми Фаластин шоистаи адолат ҳастанд ва дер ё зуд бо ҳимояти ҳамаи башарият пирӯз хоҳанд шуд.”

Мадуро дар ин суханронӣ таъкид кард, он рӯз хоҳад расид, ки “мо ба унвони тарафҳои пирӯз дар хиёбонҳои Қудс мулоқот кунем.”

Вай хостори ҳимояти бештар аз Фаластин шуд ва ба кишварҳои исломӣ ва ҷаҳони араб ҳушдор дод, ки дар бораи “диплумосии фиребанда”, ки ғолибан дунболаи он ҳамалоти мушакӣ рух медиҳад, ҳушёр бошанд.

Раиси ҷумҳури Венесуэла ҳуҷуми режими саҳюнистӣ алайҳи Лубнонро маҳкум кард; ҳамалоте, ки мунҷар ба шаҳодат ва захмӣ шудани ҳазорон нафар шудааст.

Вай зимни истиқбол аз оташбас дар Лубнон, ба нақши Исроил дар ҳамлаи теруристҳо ба Ҳалаб ишора кард ва гуфт: “Таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки саҳюнистҳо тавофуқро имзо карданд ва сипас ба Сурия рӯй оварданд ва аз тариқи гурӯҳҳои теруристӣ, ки аз он ҳимоят мекунанд, ҳамалоте анҷом доданд; афроде, ки ҳамакнун дар талош барои контроли Ҳалаб ҳастанд.”

Гуфтанист, гурӯҳи теруристии мавсум ба “Ҳайати Таҳрири Шом” (Ҷабҳатуннусраи собиқ) дар ҳамлае ғофилгирона вориди Ҳалаби Сурия шуд ва бахшҳои васее аз Ҳалаб ба контроли теруристҳо даромадааст.

Presstv

Қаламонлайн

Tags: , ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қатли омми дигар дар Фаластин
Мақоми исроилӣ: Гурӯҳҳои мухолифи Башшор Асад ҳеч хатаре барои Исроил надоранд

Матолиби пурбоздид