Нома
Фирдавси Аъзам
Достони кӯтоҳ
Дуруд, хушовозам!
Ду дақиқа пеш, боди сангдил охирин баргамро ба тороҷ бурд ва шонаҳоямро шикаст. Гӯйӣ тиккае аз рӯҳамро балъид, вақте, ки ошёнаат замин хурд. Бо инки умре ба дарозои торих дорам, эҳсос мекунам пир шудаам ва шояд умрам ба дидани рӯи мубораки баҳори дигар қад надиҳад. Чизҳои газандае ба гӯшам расида. Аммо ҳанӯз реша дар хок, рӯҳам дар осмони бекарони ёди ту пар мезанад. Вақте рафтӣ, беҳтар аст бигӯям вақте ки гурбаҳои бузурги зардранг шикорат карда бурданд, ҳамаи парандаҳо худкушӣ карданд. Он вақт сояи ғурбат ба ман ҳуҷум оварду худашро ба танам часпонд. Аз он рӯз, дигар ҳич парандае бар шохаҳоям нанишаст. Ҳама аз тарс, ба ҷое паноҳ бурданд, ҷое бисёр дур. Ҷое, ки бод меҳрубон, осмон дилкушо ва замин амн аст. Худам бо чашмҳои сабзам дидам чигуна ҳаюлои тарс, чанголҳои дарозашро дар дили хоки ториххӯрдаи боғча фурӯ кард. Охир дарахти бидуни паранда, магар эҳсоси ҷигаршикоф нест?! Гӯйӣ зимистони абадӣ бар ман ҳоким шудааст; гоҳе таб мекунаму пӯст меандозам.
Аммо ҳанӯз бедораму ҳушёр. Бӯи нозуки хоки боронхӯрдаи дишаб ва садои хиш-хиши баргҳои зарду хушки зери поямро ҳис мекунам, ки хотироти хуши гузаштаро зинда мекунанд. Медонӣ, мо ҳаргиз намехобем, магар инки ба иҷбор хобамон кунанд. Ёди он рӯзҳо сабз, ки ту омадӣ ва бар шохаҳоям ошёна кардӣ. Ба ман эътимод кардӣ. Овозат, таронае шуд, ки насими рому ороми он рӯзҳо бар шоху баргам менавохт ва рӯҳи мани пирро ҷавонтар мекард. Аммо амон аз он бегоҳи талху ларзаовар, ки боди саркаш, туро аз паноҳгоҳат, аз бағали амни ман рабуд ва ба қафаси тангу торик фурӯхт. Амон!
Инҷо, ҳама чиз ба риволи ҳамешагиаш идома дорад. Гӯсфандон ва говҳои пир, бехабар аз вусъати чаманзорон, ҳамчунон алафи хушк мехӯранду бепарво нӯшхор мекунанд, то барои тақвияти устухонҳои соҳибхона – чӯпони азизамон ширу гӯшт тавлид кунанд. Дирӯз ҳам барои табар дасти нав додаму барои чӯпон асо. Хурӯсҳо шоданд. Мурғҳои хонагии покӯтоҳ осуда тухм мегузоранд. Мокиёнҳои паррехта ҷӯҷаҳояшонро бузург мекунанд. Харҳо машғули ҳамон кори ҳамешагӣ ва саги сиёҳи якчашма вазифаи нигаҳбониро хуб иҷро мекунад. Оре, ҳама дар қафаси ҳамон одатҳояшонанд. Тӯтӣ, аммо, хеле вақтест, ки хомӯш аст, сармо хӯрда ва рӯзе ҳашт бор атса мезанаду месурфад. Обрезиши бинӣ ҳам дорад. Гурбаи фарбеҳи зард чашм аз ӯ намеканад.
Аммо ту, парандаи азизам, ту, ки осмонро мешинохтӣ ва авҷ гирифтанро нағз балад будӣ, ва ба ҳамин мурғҳои хонагӣ париданро ёд додӣ, ҳоло бастапой ва бастабол дар қафаси танг асир шудаӣ. Рӯзгор то буда ҳамин аст: ҳар касро парвоз омӯхтӣ, аввал болатро мешиканад ва ба ҳар кас роҳ нишон додӣ, пешат чоҳ меканад. Шояд гирифтор шуданат кори дасти яке аз ҳамин мурғҳои хонагӣ аст! Чун ҳич вақт дарси парвоз карданро ёд нагирифтанд. Шояд ҳам намехостанд. Чӣ медонам. Аммо дилам барои овозат, бол заданҳоят ва бӯи сабуки парҳоят танг шудааст. Барои он болҳое, ки ошиқона ҳар рӯз дар осмон арғушт мерафтанд. Ва чӣ арғуште!
Нигарони ман набош, дӯсти кӯчакам. Сояи табарро хеле вақтест надидаам. Хоб аст, зоҳиран. Қалби чӯбии ин дарахти куҳансол, ҳанӯз метапад ва ҳамчунон ба ту меандешад. Умедвор аст рӯзе дубора ба оғӯшаш бозгардӣ ва гармои ҳузурат вуҷудашро лабрез кунад.
Акнун онҷо, дар он хомӯшхона чӣ мекунӣ? Чӣ пурсиши содалавҳонаю аҳмақонае! Бо ин, ки медонам парандаи дар қафасбуда, бидуни осмон, ҳич тамошоӣ нест, метападу месӯзад, ҳар рӯз ҳазор бор мемирад. Осмонро пушти милаҳо бурдаанд. Парвоз – шиноснома ва ҳувияташро аз ӯ гирифтаанд. Султони осмон, акнун подшоҳи милаҳо шудааст. Акнун, ки ту дар он қафаси танг гирифтор шудаӣ, қалби чӯбини ман низ дар банд аст, парандаи хушовозам. Чӣ дарднок аст ин ғурбат! Чи ҷонкоҳ аст ин дурӣ! Бароят дуо мекунам азизам, ки зуд пешам баргардӣ ва дар оғӯшам ба оромиш бирасӣ.
Ростӣ, чанд рӯзи дигар, солрӯзи омаданат аст, рӯзе ки барои аввалин бор ба оғӯши ман омада будӣ. Оё то он вақт бармегардӣ? Ҳон? Дубора нағмаҳоят тору пуди ин пири солдидаро саршор хоҳад кард? Дурӣ аз ту сахт тоқатсӯз аст. Қафас, аз ҳар ҷинсе ки бошад, зиндон аст, парандаи кӯчаки ман, зиндон.
Ҳоло мондаам чӣ касе ин номаро, ки рӯи пӯсти нозуки танам навиштаам, ба дастат мерасонад? Бод? На, на! Аз бод метарсам! Албатта бод бо як дарахти холи чӣ коре метавонад дошта бошад?!. Аммо бодҳои инҷо ваҳшӣ шудаанд. Чашмони шайтонӣ, мӯҳои бисёр парешону дастҳои дарозу чиркин доранд. Ҳамин дирӯз ҳама бодбодакҳои кӯдаконро, ки шодмона дар кӯча бозӣ мекарданд, гирифтанду ба осмон фурӯхтанд. Баргҳоро бераҳмона мекананду мепарокананд, хоби ҷуйборчаҳоро ошуфта мекунанд. Хонаҳоро меларзонанд. На, на, ман ба бодҳо имон надорам. Бод, инҷо шабҳо мисли рӯҳи саргардон дар кӯчаҳо мечархаду сояҳоро шикор мекунад. Хабарчини тӯфонҳост. Медонӣ, бод ҳамеша озод аст, ҳамеша. Ҳамин бод буд, ки ҳама фарзандонамро хӯрд. Ман аз номаш мутанаффирам. Охир ӯ аз ишқу танҳоию парандагӣ чӣ медонад! Тарсу нафратам фақат ба хотири ту аст… Аммо парво накун, ҳатман роҳе пайдо мекунам, ки ин коғаз ба дастат бирасад.
Фирдавси Аъзам
Қаламонлайн