Номаи Муҳиддин Кабирӣ ба Созмони Ҳамкории Шанхай

Номаи Муҳиддин Кабирӣ ба Созмони Ҳамкории Шанхай ва кишварҳои узви ин созмон
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, зимни ирсоли нома ба унвони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва кишварҳои узви ин созмон дар таърихи 8-уми январи 2024, бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳодисаҳои террористӣ, аз ҷумла дар ҳодисаи хунуни шаҳри Кирмони ҶИИ, онро натиҷаи сиёсатҳои саркубгароёнаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, донист.
Раҳбари ПМТ дар ин нома таъкид кард, ки “ҳанӯз 10 сол қабл, коршиносону раҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ, аз ҷумла роҳбарияти ҲНИТ ҳушдор дода буданд, ки сиёсатҳои иштибоҳӣ ва ҷоҳталабонаи раҳбарияти Тоҷикистон оқибатҳои бад барои кишвари мо ва минтақа дорад ва боиси рушди ифротгароӣ ва терроризм хоҳад гашт.”
Ӯ бо ишора ба номаҳои раҳбарияти ҲНИТ ба мақомоти Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия ва Ирон, барои пешгирӣ аз оқибатҳои вахими сиёсатҳои саркубгароёнаи ҳукумат, таъкид кард: “Ин ҳушдорҳо ва дархостҳо аз тарафи ҳамагон нодида гирифта шуд ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон бетафовутии ҷомеъаи ҷахониро ҳамчун чароғи сабз барои идомаи саркубҳо ва нақзи Созишномаи Сулҳ қабул кард ва бахусус мавқеъи бетарафонаи ду кишвари кафили сулҳи тоҷикон, Русия ва Ирон, боиси ҷасорати бештари Эмомали Раҳмон гашт.”
Ӯ афзуд: “Натиҷаи ин ҳама имрӯз руйи саҳна омадани ифротгароӣ ва терроризм ба ҷои нерӯҳои муътадили сиёсӣ ва динӣ мебошад.”
“Раҳбарияти Паймони Миллии Тоҷикистон, ки ҲНИТ шомили он мебошад, аз рушди ифротгароӣ дар кишвар сахт нигарон буда, раҳбарияти Тоҷикистон ва шахсан Эмомалӣ Раҳмонро масъули асосии ин вазъият медонад”- омадааст дар нома.
Муҳиддин Кабирӣ бо ишора ба авомили гароиши ҷавонони тоҷик ба ифротгароӣ гуфт, маҳз Эмомалӣ Раҳмон “ба хотири идомаи қудрат ва хонаводагӣ кардани ҳокимият Созишномаи Сулҳро поймол ва тарафи дигари сулҳро аз саҳнаи дохилӣ ва сиёсати расмӣ дур кард ва ин боиси ноумедии ҳазорҳо ҷавон ба равандҳои мусолаҳатомези сиёсӣ ва ояндаи худу кишвар ва пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ гашт.”
Раҳбари ПМТ бо нигаронӣ аз идомаи сиёсатҳои саркубгароёна ва рушди ифротгароӣ афзуд: “Боиси таассуф аст, ки равандҳои манфӣ, мисли худкомагӣ, саркубгарӣ, фасод ва хонаводагӣ шудани ҳокимият дар кишвар идома дорад, ки натиҷае ҷуз рушди бештари ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон нахоҳад дошт ва таъсири манфии ин раванд на танҳо ба амнияти кишвари мо, балки ба минтақа ва ҷаҳон ҳам расидааст.”
“Паймони Миллии Тоҷикистон бо вуҷуди ҳама саркубгариҳои ҳукумат боз ҳам ба муборизаи мусолиҳатомез пойбанд монда, мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро яке аз авлавиятҳои худ медонад. Ҳамзамон идомаи вуҷуди хукумати хонаводагии фасодзадаро барои ояндаи кишвар ва минтақа хатарнок медонад ва барои ислоҳи вазъ аз тамоми василаҳои машруъ истифода хоҳад кард.” – таъкид шудааст дар нома.
Дар охир раҳбари Паймони Миллӣ бо эълони омодагӣ барои ҳамкорӣ барои пешгирӣ аз раванди рузафзуни ифротгароӣ ва терроризм бо ҳама тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла СҲШ, гуфт: “Мо умедвор ҳастем, ки Созмони Ҳамкории Шанхай ва кишварҳои узви ин созмони бонуфуз нигарониҳои мо ва миллати тоҷикро ҷиддӣ гирифта, барои пешгирӣ аз сиёсатҳои буҳронзои Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои лозимро иттихоз хоҳад кард.”
Дафтари матбуоти ПМТ
9 январи 2024.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳувияти интиҳории дуввуми ҳодисаи Кирмон низ мушаххас шуд ва ба эҳтимоли зиёд ӯ низ тоҷик аст
Ончӣ мехоҳӣ ба даст биёр

Матолиби пурбоздид