Номаи 298 шахсияти барҷастаи ҷаҳон ба дабири кулли СММ
Номаи 298 шахсияти барҷастаи ҷаҳон ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар маҳкумияти ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ ва ҳаимоят аз мардуми мазлуми Фаластин
Олиҷаноб Антонио Гутриш, дабири кулли СММ
Ин номаро барои он менигорем, то аз Созмони Милал дархост кунем, ки барои поён додан ба ҷиноёти ҷангӣ ва қасовати бераҳмонаи Исроил дар ҳамла ба Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ фавран мудохила кунад.
Ин номаро дар ҳоле ба Шумо ирсол мекунем, ки мошини ҷангии Исроил то кунун беш аз 3500 фаластиниро дар Ғазза кушта ва беш аз 12000 нафарро захмӣ кардааст. Аксарияти қариб ба иттифоқи қурбониён ғайринизомӣ ҳастанд. Дар Каронаи Бохтарӣ наздик ба 70 нафар тавассути нируҳои исроилӣ кушта ва 1300 нафар захмӣ шудаанд, ки боз ҳам аксарияти онҳо ғайринизомӣ ҳастанд. Дар ҷараёни ҳамла ба минтақаи пурҷамъияти Навори Ғазза, Исроил бо ҳадаф қарор додани зерсохтҳои ғайринизомӣ, шомили сохтмонҳои маскунӣ, мактабҳо, беморхонаҳо, мошинҳои омбулонс, масҷидҳо, ҷоддаҳои пур аз мардуми дар ҳоли фирор ва корхонаҳои тавлиди маводди хӯрокӣ, огоҳона қавонини байналмилалиро нақз кардааст.
Ҳамчунин ба таври мустақим таҷаммуоти ғайринизомиёнро ҳадаф қарор додаастт, масалан 17/10/2023 беморхонаи Поптист дар Ғазза, ки дар он сокинони овора ба дунболи паноҳандагӣ буданд, бомбборон кард ва дар торрихи 13/10/2023 корвонеро, ки ғайринизомиёнро ба ҷануби Ғазза ҳамл мекард, бомбборон намуд. Илова бар ин, ба гуфтаи чандин гурӯҳи ҳуқуқи башарӣ, аз ҷумла дидабони ҳуқуқи башар, Исроил аз фосфори сафед дар Ғазза ва Лубнон истифода кардааст. Фосфори сафед, ки истифода аз он ғайриқонунӣ аст ва ба ҳангоми инфиҷор дар ҳаво, дар манотиқи пурҷамъияти шаҳрӣ бидуни ҳеч тамоюзе метавонад хонаҳоро бисӯзонад ва садамоти даҳшатноке ба ғайринизомиён ворид кунад. Фосфори сафед дар дамои беш аз 800 дараҷа месӯзад, дамое, ки барои гудохтани филиз кофӣ аст. Ба гуфтаи худи кормандон ва мақомоти СММ, ҳеч макони амне дар Ғазза вуҷуд надорад. Ғазза дар муҳосираи комил ва бомбборони мудовим аст. Бо пур шудани бемористонҳо, камбуди таҷҳизоти пизишкӣ, қатъи барқу об тавассути Исроил ва коҳиши захираи маводди ғизоӣ ба далели муҳосира, вазъияти инсонӣ дар Ғазза барои ғайринизомиён ноумедкунанда аст.
Комилан возеҳ аст, ки Исроил бо канор гузоштани илзом ба риояти корбурди мутаносиби зӯр ва адами тамоюз байни ғайринизомиён ва низомиён, қавонини байналмилалиро башиддат нақз кардааст.
Ба гуфтаи Морк Горлоски, мушовири низомӣ дар созмони ҳолландии РАХ барои сулҳ ва бозпурсии собиқи ҷиноёти ҷангии Созмони Милал дар Либӣ, Исроил “дар камтар аз як ҳафта ҳамон миқдор бомб бар сари мардум рехтааст, ки Амрико дар як сол дар Афғонистон рехта буд ва ин дар минтақаи бисёр кучактар ва бисёр пурҷамъияттар ва ҷое, ки иштибоҳот бузургтар мешаванд.
Бо таваҷҷуҳ ба ҷиноёти ҷангие, ки дар ҳоли ҳозир алайҳи мардуми Ғазза дар ҳоли анҷом аст, шумо қасд доред, чӣ иқдоме барои муҳокима ва маҳори мошини ҷангии Исроил анҷом диҳед?
Созмони Милали Муттаҳид дар паи Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум, бо ҳадафи сареҳи ҳифзи назми ҷаҳонӣ мубтанӣ бар қонун ва ҷилавгирӣ аз такрори ваҳшати он даргирӣ ташкил шуд. Бо ин фалсафаи вуҷудӣ, СММ то кай қарор аст мунтазир бимонад ва наззорагари вуқӯи як наслкушӣ дар баробари чашмони мо бошад?
Мо аз шумо мехоҳем ва интизор дорем, ки ба вазифаи фаврии худ қиём кунед ва аз ҳеч талоше барои кумак ба поён додан ба ин ҳаммоми хун бо маҳори Исроил, барқарории оташбаси фаврӣ ва талош барои тартиб додани ирсоли фаврии кумакҳои башардӯстона ба Навори Ғазза дареғ накунед. То замоне ки Исроил мутаваққиф нашавад ва барои ҷиноёте, ки дар ҳоли ҳозир дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ муртакиб мешавад, посухгӯ набошад, бидуни тарс аз муҷозот, ба куштан ва маълул кардани мардум ва тамасхури қавонини байналмилалӣ идома хоҳад дод.