Нома ба Худованд
Номаи Назаралии Толиқонӣ ба Худо
Ин моҷаро моҷароест воқеӣ. Ҷавоне ба номи Назаралии Толиқонӣ дар замони Носируддиншоҳи Қочор дар мадрасаи Марвии Теҳрон дарс мехонда. Ӯ бисёр фақир буда ба ҳадде, ки шабҳо давру бари ҳуҷраи талабаҳо мегашта ва аз боқимондаи ғизоҳои онҳо чизе барои хӯрдан пайдо мекарда ва рӯз мегузаронда.
Як рӯз Назаралӣ номае менависад хитоб ба Худо ба ин мазмун:
«Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Хидмати ҷаноби Худо
Саломун алайкум
Инҷониб бандаи шумо ҳастам. Аз он ҷо, ки шумо дар Қуръон фармудаед: «Ҳеч бандае нест, магар ин ки рӯзии ӯ бар ӯҳдаи Худост», ман ҳам ҷунбандае ҳастам аз ҷунбандагони шумо рӯйи замин. Дар ҷойи дигаре аз Қуръон фармудаед: «Мусалламан, Худо хулфи ваъда намекунад.»
Бинобар ин, инҷониб ба чизҳои зер ниёз дорам:
— Ҳамсаре зебо ва мутадайин (диндор);
— Хонае васеъ ва як ходим;
— Як колиска (ҳамон коляска) ва сучӣ (касе, ки коляска меронад);
— Як боғ ва миқдоре пул барои тиҷорат.
Лутфан, баъд аз ҳамоҳангӣ, ба ман иттилоъ диҳед.
Мадрасаи Марвӣ, ҳуҷраи шумораи 16,
Бандаи шумо Назаралии Толиқонӣ.»
Назаралӣ баъд аз навиштани нома, бо худаш фикр мекунад, ки номаро куҷо бигузорад? Мегӯяд, масҷид хонаи Худост, пас беҳтар аст бигузорамаш дар масҷид. Меравад ба Масҷиди Шоҳ дар бозори Теҳрон, номаро дар масҷид дар як сӯрох қоим мекунад ва бо худаш мегӯяд: ҳатман Худо пайдо мекунад!
Ӯ номаро панҷшанбе дар масҷид мегузорад. Субҳи ҷумъа Носируддиншоҳ бо дарбориҳо мехоста ба шикор биравад. Корвони ӯ аз ҷилави масҷид мегузашта. Ногаҳон як боде тунд шурӯъ ба вазидан мекунад ва ба сабаби он, номаи Назаралӣ рӯи пойи Носируддиншоҳ меуфтад, Носируддиншоҳ номаро мехонад.
Ӯ як пайк ба мадрасаи Марвӣ мефиристад ва Назаралиро ба кох фаро мехонад. Дастур медиҳад, ҳамаи вузарояш ҷамъ шаванд ва мегӯяд: номае, ки Назаралӣ барои Худо навишта ба дасти ман афтод. Шояд иродаи Худо ин будааст, ки хостаҳои Назаралӣ ба воситаи ман бароварда шаванд. Пас мо бояд анҷомаш бидиҳем.
Носируддиншоҳ дастур медиҳад, ҳамаи хостаҳои Назаралӣ як ба як иҷро шаванд.
Қаламонлайн