Нотонёҳу маҳбубияти худро аз даст додааст

Нотонёҳу маҳбубияти худро аз даст додааст

Ахбори ҷаҳон

Parstoday гузориш додааст, натоиҷи як назарсанҷӣ, коҳиши маҳбубияти эътилофи ҳоким бар кобинаи Исроил ба раёсати Бинёмин Нотонёҳуро нишон медиҳад.

Кобинаи ҷадиди Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири Исроил, дар таърихи 4-феврал тарҳи ҷанҷолиро барои «Ислоҳи низоми қазоӣ»-и ин режим ироа кард, ки ба меҳвари танишҳои сиёсӣ ва эътирозоти мардум дар ин режим мунҷар шудааст.

Рӯзномаи «Маариу», дар гузориши худ навишт: Баъд аз рагбори қавонине, ки дар чорчуби ислоҳоти қазоӣ дар интизори мост, шоҳиди тағйири чашмгире дар равобити нирӯҳои сиёсии дохилӣ хоҳем буд.

«Маариу» бар асоси як назарсанҷии анҷомшуда, тавассути Муассисаи назарсанҷии мутааллиқ ба “Менахим Лазар” эълом кард, ҳизби “Йеш Атид” ба раҳбарии Яир Лапид, раҳбари мухолифони кобинаи феълӣ, бо 27 курсӣ аз маҷмуи 120 курсӣ, бузургтарин ҳизби Кнессет шудааст. Дар ин назарсанҷӣ ҳизби «Ликуд» ба раҳбарии Бинёмин Нотонёҳу бо 26 курсӣ ба рутбаи дуввум суқут карда ва дар ҳоли фурӯпошист.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷикистон ва Узбекистон, густариши ҳамкориҳои дуҷониба
Пешрафти саноати тавлиди мошин дар Эрон

Матолиби пурбоздид