Нотонёҳу саркубии муътаризонро хостор шуд
Ахбори ҷаҳон
Расонаҳои исроилӣ эълом карданд нахуствазири Исроил хостори саркубии нофармонии неруҳои режим ва муътаризон шудааст.
Ба гузориши Алмаёдин, Бинёмин Нотонёҳу аз тазоҳуроткунандагон зидди тарҳи давлат дар бораи “ислоҳи дастгоҳи қазоӣ” ва низ аз фармондеҳони артиш, пулис ва неруҳои амнияти умумӣ интиқод намуд.
Бар асоси ин гузориш, Нотонёҳу хоҳони афзоиши мудохилаи неруҳои амниятӣ дар саркуби тазоҳурот шуд ва аз фармондеҳони сервисҳои амниятӣ ва раиси ситоди кулли артиш хост мавзеи муҳкамтаре бар зидди тазоҳуроткунандагон иттихоз намуда ва бо нофармонӣ муқобила кунанд.
Дар пайи ин дархост раҳбарони опозитсияи режими саҳюнистӣ ба суръат ин изҳороти Нотонёҳуро маҳкум карданд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн