Одамҳои қарни 21 ва Тромп

Таҳлили хабарӣ

Одамҳои қарни 21 ва Тромп

Ёддошти Сайидюнуси Истравшанӣ

Ҳадисе ҳаст аз вуҷуди мубораки ҳазрати Паёмбар (с) дар бораи нисбати ҳокими як ҷомеа ва мардуми он; ҳадис ҳарчанд мурсал аммо маъруф аст, фармоянд:

كما تكونوا يولى عليكم

“Чунонки бошед, ҳокиматон ба ҳамон сурат хоҳад буд”. (Ривояти Дайламӣ дар Муснади Фирдавс ва ҳамчунин Байҳақӣ)

Яъне ҳокими як ҷомеа, ойинаи мардуми он ҷомеа аст. Агар ӯ одаме диктотур ва худкомае аст, мардуми он ҷомеа шоистаи якчунин инсоне будаанд. Ва баръакс, агар одил аст, одамҳои ҷомеа адолатхоҳ буданд. Албатта манзури ҳазрати Паёмбар (с) ҳамаи афроди ҷомеа нестанд, муродашон аксарият аст.

Ин ки имрӯз дар раъси ҳирами қудрат дар Омрико касе мисли Тромп – як одами чаладевона ва бевиҷдон ва то ҳадде худкома – қарор дорад, мардуми он ҷомеа дар ин рӯзгор яъне омрикоиҳо – аксарияташон албатта, на ҳамаи онҳо, ки одамони хуб бешак миёнашон ҳастанд – шоистаи якчунин чаладевонае будаанд, билохира ҳаминон ҳастанд, ки ин безамир ва ноодамро интихоб кардаанд, тоза, барои дуввумин бор интихобаш кардаанд.

Ҳоло, ки дунё дар имрӯз ба як деҳкадае монад ва Омрико дар он тақрибан яккатоз ва “кун фа якун” аст, аз ин рӯ метавон гуфт, бештари мардумони ин гетӣ шоистаи касе мисли Тром будаанд.

Ба сухани дигар, агар мехоҳед, бо чунии одамҳои ин рӯзгор ошно шавед, ба ҳокимонашон нигоҳ кунед, ки чӣ гунаанд; одами дурусту ҳисобианд ё чаладевона? Агар ҳокимашон касе чун Тромп аст, пас бидонед, одамон ба як мушт афроде, ки хӯйе доштаанд мисли хӯйи Тромп табдил ёфта будаанд; тоза, дар ин рӯзгор ва дар қарни 21, ки иддао мешавад, одамҳояш пешрафт кардаанд! Ҳоло ин пешрафт дар ҳар чи ҳаст, аммо қатъан дар инсоният нест, зеро дар инсоният, одамони имрӯз аз дарандаҳо низ дарандатар гаштаанд мутаассифона.

Ҳоло як гувоҳ бар ин муддао бароятон биёварам: дар ҳамин рӯзу соатҳо, чандто ҳокими кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дидор ва гуфтугӯ бо оқо Дунолд Тромп, ин чаладевона, дар Омрико қарор доранд. Вақте ёддошти бештари корбарон аз ин кишварҳоро – тоза, таҳлилгарон ва коршиносонашро, одамони оддиаш ба канор – мебинед, чунон ин дидорро тавсиф карда ва мекунанд, ки гӯӣ ҳокимашон бо “Худо” ва ё лоақал бо “паёмбараш” дидор ва гуфтугӯ карда бошад! Яъне Тромп, ин чаладевона ва худкома ва ноодам, дар назарашон ингор як одами фавқулъода ва беназире аст, ки лутф карда бо ҳокимашон дидор кардааст!

Ин аст одамони ин қарн, қарни 21.

Ин аст маънои он ҳадис:

كما تكونوا يولى عليكم

“Чунонки бошед, ҳокиматон ба ҳамон сурат хоҳад буд”.

Сайидюнуси Истравшанӣ

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Адаби Одам ва бахшиши Худованд
Афзоиши назарраси буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2026

Матолиби пурбоздид