Озодаи фаротар аз дину мазҳаб – (4)

Озодаи фаротар аз дину мазҳаб – (4)
Ҳодисаи Карбало
Бахши чаҳорум
Ҳамон тавр ки дар ёдошти пешин ёдовар шудам, ҳодисаи Карбало ва шаҳодати Имом Ҳусайн ва ёронаш, фақат ба ин нест, ки ҷиғу фарёд бикашанд ва сина бизананд, балки Карбало як мактаб аст; мактабе, ки бароямон дарси ислом меомӯзад, дарси чӣ гуна мусалмон буданро меомӯзад.
Имрӯз мехоҳам дар бораи як ҳодиса, ки пеш аз Ошуро иттифоқ афтод ва метавонист сарнавишти Карбалоро ба самту сӯи дигар рақам бизанад, сӯҳбат кунам. Ҳодисае, ки агар иттифоқ меуфтод, мунҷар ба пирӯзии Имом Ҳусайн мешуд. Вале ин иттифоқ наафтод.
Ҳофиз Ибни Касир дар “Албидоя ван-ниҳоя”-и худ овардааст:
Муслим ибни Ақил, писарамуи Имом Ҳусайн, аз тарафи Имом маъмур шуд, то худро ба шаҳри Куфа бирасонад ва заминаро барои қиём омода бикунад. Ҳокими Куфа аз тарафи Язид дар он ҳангом, Убайдуллоҳ ибни Зиёд буд. (Ҳамон касе, ки сипоҳи Язид дар ҷанги бо Имом Ҳусайнро бар ӯҳда дошт.) Вақте Муслим ба Куфа расид, дар манзили яке аз саҳобаҳои маъруфи ҳазрати Паёмбар (с) ва аз ёрони бовафои Имом Ҳусайн, Ҳонӣ ибни Урва (р) сукно гузид ва касе ҳам аз маҳалли иқомати Муслим хабадор набуд. Ҳонӣ ибни Урва (р) мариз ва бемор буд. Убайдуллоҳ ибни Зиёд ҳамин ки шунид, ин саҳобӣ – яъне Ҳонӣ – мариз аст, қасди иёдати ӯро кард ва фиристодаашро фиристод, то ба Ҳонӣ хабар бидиҳад, ки амир мехоҳад ӯро иёдат кунад.
Ҳонӣ ибни Урва (р) ин фурсатро ғанимат шумурд ва ба Муслим ибни Ақил – ки дар хонаи ӯ буд ва Убайдуллоҳ хабаре ҳам аз он надошт – гуфт: эй Муслим! Ин, беҳтарин фурсат аст, ки корро пеш аз расидани Имом Ҳусайн ба Куфа тамом бикунем ва аз шарри Убайдуллоҳ халос бишавем. Вақте Убайдуллоҳ барои иёдати ман омад, ту пушти парда бо шамшерат биист ва ҳамин ки гуфтам: “Об мехоҳам”, ту бо шамшер кори Убайдуллоҳро тамом бикун.
Замоне, ки Убайдуллоҳ расид ва машғули сӯҳбат буд, Ҳонӣ чанд бор садо зад: об мехоҳам, об мехоҳам, вале аз Муслим хабаре нашуд…
Агар ин иттифоқ меафтод, сарнавишти Карбало ба куллӣ ранге дигар ба худ мегирифт ва ба суди Имом Ҳусайн рақам мехӯрд. Аммо суол ин аст, ки чаро Муслим ибни Ақил даст ба шамшер набурд ва Убайдуллоҳро – ки фисқу фуҷураш мусаллам ва ҳамакораи Язид ба шумор мерафт – накушт?!
Ин ҷост, ки арз кардам, бояд аз ҳодисаи Карбало дарс омӯхт. Яке аз дарсҳои мактаби Карбало ва макбати Ҳусайн инҷо худнамоӣ мекунад. Тибқи ривояти Ҳофиз Ибни Касир дар “Албидоя ван-ниҳоя”, вақте Убайдуллоҳ рафт ва Ҳонӣ ибни Урва (р) аз Муслим далели адами таҳаррукашро ва ин ки чаро Убайдуллоҳро накушт пурсид, Муслим ибни Ақил (р) дар посух фармуд:
حديث بلغني عن رسول الله صلى الله عليه وسلم أنه قال: الايمان ضد الفتك، لا يفتك مؤمن
“Ҳадисе ҳаст, ки аз ҳазрати Расули Худо (с) ба ман расида, ки фармудааст: “Имон зидди фатк аст ва фарди мӯъмин даст ба фатк намезанад.”
“Фатк” яъне хиёнат, яъне “касеро ба таври ғофилгирона ва на дар майдони набард, ба қатл расонидан.” Ин аст маънои фатк.
Муслим мехоҳад бигӯяд, агар Имом Ҳусайн қиём кардааст, барои эҳёи ислом ва барои зинда кардани суннати Паёмбар (с) қиём кардааст. Ӯ қиём кардааст, то суннати Паёмбар (с) – ки яке аз он, амал ба ҳамин ривоят аст – эҳё бишавад. Пас, чӣ гуна ман, ки пайрави Имом Ҳусайнам, даст ба коре бизанам, ки хилофи ислом ва хилофи суннати Расули Худост?!
Ва ба иборати дигар, Муслим мехоҳад бигӯяд, ҳадаф барои мо ҳаргиз василаро тавҷеҳ намекунад. Яъне агар ҳадафи мо муқаддас аст, чунин нест, ки барои расидан ба он ҳадаф, ба ҳар василае мутавассил бишавем, балки бояд василаи расидан ба аҳдоф низ, машрӯъ ва дар чорчӯби шариат ва инсоният бошад. Бале, агар Убайдуллоҳро мекуштам, кор тамом шуда буд, вале оё ба роҳи ғадр, хиёнат, фатк?! Ӯ меҳмони туст, ӯ омада туро иёдат кунад, он гоҳ мо ӯро бикушем?!
Ҳусайн ва ёронаш ҳозир нестанд, ба ҳар роҳу равише ба ҳадафашон бирасанд, чунонки ағлаби сиёсатмадорон ва бозигарон чунинанд. Ҳусайн исломро василаи расидан ба аҳдофи сиёсӣ намедонад, балки сиёсат василаи расидан ба аҳдофи исломӣ аст. Ин аст дарси бузурги Имом Ҳусайн.
Замоне, ки Убайдуллоҳ хабар ёфт, ки Муслим дар манзили Ҳонӣ будааст, ба маъмуронаш дастур дод, то ӯро боздошт ва аз болои қалъаи Доруламора пойин андозанд ва Муслим шаҳид гардид. Ва ҳамчунин Убайдуллоҳ саҳобии ҷалилулқадр Ҳонӣ ибни Урва (р)-ро низ ба иттиҳоми тавтиъа алайҳи “халифа” боздошт ва ба қатл расонид.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Боздиди гардишгарони хориҷӣ аз Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст
Одамон чаҳор дастаанд

Матолиби пурбоздид