Омӯзаҳои ахлоқӣ дар Маснавии Маънавӣ – II
Ба қалами Машҳурахон Ҷавҳаризода, коршиноси забон ва адабиёти форсӣ
Бахши дуввум
***
Фасли дуввум
Робитаи инсон бо худ
Ҳақиқати одамӣ андеша ва тадаббури ӯст
Андеша ба маънои тадаббур, тафаккур ва ба ин маъност, ки афкоре, ки ба хайру некӣ раҳнамун буда ва писанди ақлу шаръ бошад, монанди ёди Худо ва тафаккур ва тааммул дар улум ва маориф ва неъматҳои Худо.
Андеша ба маънои амалиёти зеҳнӣ дар маонии ашё барои дарки маҷҳулот ва ба маънои тадаббур дар натоиҷ ва поёни корҳо низ омадааст.
Ҳамчунин андешаро метавон ин гуна маъно кард, ки: диққати назар дар ҳастӣ бо ҳадафи паёмгирӣ ва мавъизапазирӣ. Аҳамияти андеша ва тафаккурро метавон дар ин донист, ки андеша барои инсон, калиди асрор ва рӯшноии бахши азҳон аст. Андеша ва тафаккур маншаи ибратгири ва шурӯи басират аст. Андеша сайдгоҳи ҳақоиқ аст, ки ба воситаи он зулматҳо ва ҷаҳлҳо аз байн меравад. (1)
Аз ҷумлаи осори андеша ин аст, ки инсон ба воситаи он, ба бедории дил, ибодати руҳ, такомули нафс ва халлоқияту тавоноӣ дар зиндагӣ ва ибратгирӣ ва афзоиши илму дониш ва басират ноил мегардад. Яке аз усули собити зиндагии Паёмбари акрам (с) андешаи фаровон будааст, зеро “реша ва асоси ҳифозат аз лағзишҳо, тафаккури пеш аз феъл ва андешаи пеш аз такаллум аст”. (2)
Расули Акрам (с) соате андешаро бартар аз як сол ибодат донистаанд, онҷо ки мефармоянд: “Лаҳзае андеша, бартар аз як сол ибодат аст”. (3)
Ба фармудаи Имом Ҳасан (а), “андешидан, ҳаёти дилҳои огоҳ аст”. (4)
Инчунин, 17 оят аз Қуръони Карим бар вожаи тафаккур такя дорад ва ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ: “Онон, ки бузургтарин хидматҳоро ба тамаддуни башар кардаанд, касоне ҳастанд, ки чизҳои беҳтар аз ончи дар асри худашон вуҷуд доштааст, дар мухайяла ва афкорашон парварондаанд ва сипас ба ин фикр афтодаанд, ки ба ин хаёл ва фикр ҷомаи амал бипӯшонанд”. (5)
Мавлоно низ дар ин бора чунин гуфтааст:
Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ,
Мобақӣ ту устухону решаӣ.
Гар гуласт андешаи ту гулшанӣ,
В-ар бувад хоре, ту ҳема гулханӣ.
Гар гулобӣ бар сари ҷайбат зананд,
В-ар ту чун бавле, бурунат афкананд. (6)
Яъне, ҳақиқати ту фақат андешаи туст, ончи боқӣ мемонад, рагу устухон аст. Агар андешаи ту чун гул зебост, ту гулистонӣ, агар чун хор аст, ҳезуме ҳастӣ, ки ба гулхани ҳаммом хоҳандат андохт.
Агар чун гулобӣ, бар сару рӯи худ хоҳанд зад ва агар чун идрор ҳастӣ, туро дафъ хоҳанд кард.
Дар поёни ин баҳс, хуб аст ёдовар шавем, ки: ҳамон гуна, ки натиҷаи тафаккур дар оқибати гуноҳ, инсонро ба тавба водор мекунад, натиҷаи тафаккур дар ҳақиқати дунё низ, боиси зуҳди инсон мегардад ва натиҷаи тафаккур ва андеша бар неъматҳо сабаби шукр хоҳад буд.
* * *
Фасли севвум
Робитаи инсон бо ҷомеа
а) Адаб
Уламои ахлоқ дар таърифи адаб фармудаанд: Адаб яъне ҳар гуна фаъолияте, ки инсонро ба фазилате аз фазоил музайян созад. Адаб ба маънои ба коргирии хулқиёт ва сифоти зебо дар иртибот ва муомилот аст; ҳамчунин адабро ба маънои ба коргирии умури писандида дар гуфтор ва рафтор донистаанд. (7)
Вазин будан, муваққар будан, тарбият доштан, дар бархӯрдҳо муроот кардани афрод, андозаи худро дар ҳама ҷо ва назди ҳама кас нигаҳ доштан, сухани баҷо гуфтан, эҳтироми мардумро нигаҳ доштан ва амсоли ин умур аз маротиби адаб аст. (8)
Адаб арзиши инсонро боло мебарад, шахсият ва иззати одамиро ҳифз мекунад, маҳбубиятро афзоиш медиҳад, ёронро зиёд мекунад, адаб мӯҷиби ҷазби раҳмат аст ва риояти адаб навъе ибодат аст. (9)
Ҳамчунин аз фавоид ва осори дигари риояти адаб ин аст, ки шахсияти инсонро месозад, номи некӯ ва мондагор барои инсон ба армуғон меовард ва боиси маҳбубияти шахс байн мардум мешавад.
Риояти адаб асоси тарбияти диниро ташкил медиҳад, ҷараёни зиндагии инсонҳоро интизом мебахшад. Инсон бо риояти адаб усваи дигарон қарор мегирад ва умури зиндагиаш ба натиҷа мерасад.
Лузуми риояти адаб дар Қуръон ва суннат; дар оёту ривоёт, бар лузуми риояти адаб таъкидоти бешуморе шудааст. Аз ҷумла дар Қуръони Карим, мефармояд: “Бандагони Худованди Раҳмон касоне ҳастанд, ки дар рӯи замин бо тавозӯъ роҳ мераванд ва ҳаргоҳ ҷоҳилон ба онон хитоб кунанд, бо саломати нафс ҷавоб диҳанд”. (10)
Ҳамчунин мефармояд: “Онон ибодур-раҳмон, ки чун инфоқ кунанд, исроф накарда ва бухл ҳам намеварзанд, балки дар эҳсон миёнарав ва мӯътадил ҳастанд”. (11)
Инчунин дар ривояте Амиралмӯъминин Алӣ (а) дониш ва адабро мояи фузунии қадру арзиши инсон шумурдаанд: “Эй мӯъмин, ин дониш ва адаб баҳои ҷони туст, пас дар фаро гирифтани он ду кӯшо бош, ки ҳарчӣ бар дониш ва адаби ту афзуда шавад, қадру арзишат фузунӣ гирад”. (12)
Расули Акрам (с) дар ҳадиси муборак, хитоб ба падарону модарон, мефармоянд: “Фарзандони худро гиромӣ бидоред ва ононро хуб адаб биёмӯзед, ки (ба ин адаби некӯ) омурзида мешавед”. (13)
Аз назари Расули Акрам (с) адаби некӯе, ки волидайн фарзандонро ба он тарбият намудаанд, сабаби омурзиши падару модарон мегардад ва низ ба ин маъно дар ҳадиси дигаре мефармоянд: “Ҳеҷ падаре ирсе боарзаштар аз адаб ба фарзанди худ надодааст”. (14)
Адаб барои мусулмон ба ҳадде зарурист, ки уламои ахлоқ гуфтаанд, дин ба маънои адаб ва маҷмӯае аз одоб аст.
Дар баёни Мавлавӣ низ ин гуна омадааст, ки:
Аз Худо ҷӯем тавфиқи адаб,
Беадаб маҳрум гашт аз лутфи Раб.
Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ дар ҳама офоқ зад.
Моида аз осмон дар мерасид
Бе широъу байъу бегуфту шунид
Дар миёни қавми Мӯсо чанд кас
Беадаб, гуфтанд, ку сиру адас
Мунқатеъ шуд хону нон аз осмон
Монд ранҷи заръу белу дос(а)мон
Боз Исо чун шафоат кард, Ҳақ
Хон фиристоду ғанимат бар табақ
Моида аз осмон шуд оида
Чунки гуфт анзил алайно моида
Боз густохон адаб бигзоштанд
Чун гадоён зиллаҳо бардоштанд
Лоба карда Исо эшонро, ки ин
Доимисту кам нагардад аз замин
Бадгумонӣ кардану ҳирсоварӣ
Куфр бошад пеши хони меҳтарӣ
З-он гадорӯёни нодида зи оз
Он дари раҳмат бар эшон шуд фароз
Абр бар н-ояд пайи манъи закот
В-аз зино афтад вабо андар ҷиҳот
Ҳар чӣ бар ту ояд аз зулмоту ғам
Он зи бебокиву густохист ҳам
Ҳар ки бебокӣ кунад дар роҳи дӯст
Раҳзани мардон шуду номард ӯст
Аз адаб пурнур гаштаст ин фалак
В-аз адаб маъсуму пок омад малак
Бад зи густохӣ кусуфи офтоб
Шуд Азозиле зи ҷуръат радди боб. (15)
Яъне, аз Худо дар риоияти адаб тавфиқ мехоҳам, зеро ки беадаб аз лутфи Парвардигор маҳрум мемонад.
Беадаб на танҳо ба худ бадӣ мекунад, балки оташ ба ҳама дунё мезанад.
Барои Бани Исроил, аз осмон бидуни дарди сар ва доду ситад, суфрае нозил мешуд, то ин ки чанд тан густохи беадаб аз миёни онон гуфтанд, ки чаро сиру адас бар мо нозил намешавад?
Он суфра ва нони осмонӣ дигар фуруд наомад ва ранҷи кишту кор ва паёпай шухм задану дарав кардани дубора оғоз шуд.
Бори дигар чун Исо (а) миёнҷӣ шуд, Худо суфра ва ғаноими дигар фиристод.
Боз беадабон густохӣ карданд ва чун гадоён аз суфраи илоҳӣ низ барои захира луқма бардоштанд.
Исо (а) бад-онҳо илтимос кард, ки ин суфра доимӣ аст ва ҳеч гоҳ кам нахоҳад шуд.
Бар суфраи каримон бадгумон будан ва тамаъ варзидан куфр аст. Ба сабаби он гадосифатони тамаъкор, дубора дари раҳмати илоҳӣ баста шуд.
Бинобар ин, агар мардум закот надиҳанд, абре бар осмон намеояд ва бороне намеборад; ҳамчунин гуноҳони зиёд ва аз ҷумла, зино мӯҷиби ишоаи бемории вабо дар байни ҷомеаҳо мегардад.
Ҳар балое, ки аз ғаму торикии дил бар ту нозил ояд, ба сабаби бебокӣ ва густохии туст.
Ҳар кас, ки дар роҳи маъшуқ бебокӣ кунад, роҳи мардонро мезанад ва одами номардест.
Ин афлок аз адаб, пур аз ситорагони нуронӣ шуда ва фариштагон ба сабаби риояти адаб, маъсуму поканд.
Кусуфи офтоб ба сабаби беадабӣ буд ва шайтон ба иллати бебокӣ рондаи даргоҳ гардид. (16)
Бинобар ин, бояд дар назар дошта бошем, ки адаб неъматест, ки зиндагии фардӣ ва иҷтимоиро инзибот мебахшад, фарҳанги ҷомеа бо риояти адаб иртиқоъ пайдо мекунад, адаб монеи таксири хато ва гуноҳ аст. Риояти адаб, ба маънои пайравӣ аз дастуроти Худову Расул аст ва сабаби таҳзиби ахлоқ ва ислоҳи одот хоҳад буд.
* * *
б) Мазаммати кинатӯзӣ
Ҳиқду кина дар манобеи ахлоқӣ ба маънои «пинҳон намудани душманӣ дар дил ва ё пинҳон намудани бадхоҳӣ дар дил, ба ҳангоме ки қудрати интиқом набошад ва ба думболи фурсати интиқом будан» аст ва бинобар ин, агар фард хашми худро ба хотири нотавонӣ аз интиқом фурӯ хӯрад, табдил ба ҳиқду кина мегардад.
Кина дар дили инсон мӯҷиби ҳасад, қаҳру дурӯӣ, озоррасонӣ, ғайбат, бӯҳтон ва дар натиҷаи инҳо, афсурдагӣ, ғамзадагӣ, аз даст додани дӯстон ва дар ниҳоят низ, ба ҳамроҳ доштани хашми Худо ва мустаҷоб нашудан дуоҳо ва мушкилоти дигареро дар пай хоҳад дошт.
Расули Худо (с) мефармоянд: “Мӯъмин аз ҳиқду кина бадур аст”. (17) Ва ба гуфтаи Амиралмӯъмнин Алӣ (а): “Кинатӯзӣ пасттарин айбҳост”. (18)
Инчунин Амиралмӯъминин Алӣ(а) иллати бисёре аз фитнаҳоро кина дониста ва фармудаанд: “Иллати бисёре аз фитнаҳо кинаи дил аст”. (19)
Дар Маснавии маънавӣ аз ҷумла, омадааст:
Кин мадор онҳо, ки аз кин гумраҳанд
Гӯрашон паҳлӯи киндорон ниҳанд
Асли кина дӯзахасту кини ту
Ҷузъи он кул асту хасми дини ту. (20)
Роҳи илоҷи ин сифати мазмум ин аст, ки инсон бидонад, кина мӯҷиби озору амрози дунявӣ ва азоби ухравӣ хоҳад гашт ва мутазаккир бошад бар ин ки бо роҳ надодан ба кина, ба қалбаш сафо бахшад. Бинобар ин, инсон дар амал саъй кунад муроқиби хашми худ бошад ва тамрини афву бахшишро дошта бошад.
* * *
в) Сидқу ростӣ
Сидқу ростӣ ба ин маъност, ки инсон аҳволаш бешоиба, фикраш бидуни райб ва аъмолаш беайб бошад, сидқ иборат аст аз мутобиқати аъмоли зоҳирӣ бо ҳолот ва сифоти ботинӣ ё беҳтар будани ҳолати дарун нисбат ба зоҳир ва сидқи гуфторӣ низ ба маънои хабар додан аз чизҳо ончунон, ки ҳаст.
Дар Қуръони Карим, сураи Тавба омадааст: “Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва бо ростгуён бошед”. (21)
Садоқат ва ростгӯӣ аз шарифтарин сифоти барҷастаи ахлоқӣ ва аз арзишмандтарин фазоил аст. Садоқату ростӣ яке аз муҳимтарин милокҳои арзёбии шахсияти имонии мӯъмин ва роҳе барои касби ихлоси комил аст ва аз бартарин манозили сулуки илаллоҳ дониста шудааст. Расули гиромӣ, ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин бора мефармоянд: “Ростӣ пеша кунед, зеро ростӣ ба сӯи некӣ, ба сӯи биҳишт ҳидоят менамояд ва мард бояд пайваста рост гӯяд ва ростӣ биҷуяд то дар пешгоҳи Худованд, сиддиқ маҳсуб гардад ва аз дурӯғ бипарҳезед, зеро дурӯғ ба сӯи бадӣ ва бадӣ ба сӯи ҷаҳаннам савқ медиҳад ва мард пайваста дурӯғ мегӯяд то ин ки дар пешгоҳи Худованд каззоб маҳсуб мегардад”. (22)
Ҳамчунин Расули Акрам (с) дар ривояти дигар мефармоянд: “Ростгӯӣ мояи оромиш ва дурӯғ, мӯҷиби изтироб аст”. (23)
Сидқу ростӣ дар рафтор ва гуфтори инсон боиси нишоти имонӣ, эътимоди мардум, ризояти Худо ва Расули Худо (с) ва пойдории шахсият ва ҳифзи дину ахлоқ ва оромиши дил хоҳад буд.
Амиралмӯъминин Алӣ (а) дар мавриди рафтор ва гуфтори босадоқат мефармоянд: “Зеботарин гуфторҳо, гуфторест, ки аъмоли нек онро тасдиқ кунад”.
* * *
Натиҷагирӣ
Маснавии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ асарест ирфонӣ-ахлоқӣ. Дар ин асар меъёрҳои ахлоқӣ, арзишҳо ва макорими ахлоқӣ баён гардида ва инсон ба касби онҳо тарғиб мешавад. Арзишҳое ҳамчун ишқ ба Худо, аҳамияти илму дониш, мабоҳиси дунё ва охират, андеша ва тадаббур дар умур, адаб ва сидқу ростӣ ва монанди он ба таври густарда мавриди баҳс қарор гирифтааст.
* * *
Пайнавишт:
(1) Биҳишти ахлоқ, саҳ.198
(2) Ғурар-ул-ҳикам, 3098
(3) Биҳор-ул-анвор, ҷ.71, саҳ.366, ҳадиси 20
(4) Биҳор-ул-анвор, ҷ.78, саҳ.115, ҳадиси 11
(5) Андешаи оинаи зулол, саҳ.97
(6) Дафтари дуюм, байти 276
(7) Биҳишти ахлоқ, ҷ.1, саҳ.129
(8) Низоми хонавода дар ислом, саҳ.517
(9) Низоми хонавода дар ислом, саҳ.517
(10) Сураи Фурқон, ояти 63
(11) Сураи Фурқон, ояти 67
(12) Мишкот-ул-анвор, сафҳаи 135, ба нақл аз Биҳишти ахлоқ, саҳ.129
(13) Биҳор-ул-анвор, ҷ.104, саҳ.95. ҳадиси 44
(14) Канз-ул-уммол, ҳадиси 45435
(15) Дафтари аввал, байти 78
(16) Омӯзаҳои ахлоқӣ дар Маснавӣ, саҳ.33
(17) Ҷомеъ-ус-саодот, ҷ.1, саҳ.311
(18) Ғурар-ул-ҳикам, ҳадиси 966
(19) Ғурар-ул-ҳикам, ҳадиси 2202
(20) Дафтари дуюм, Қиссаи гумон бурдани корвониён, ки баҳимаи сӯфӣ ранҷур аст
(21) Сураи Тавба, ояти 119
(22) Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҳадиси 2103
(23) Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҳадиси 2101
* * *
Феҳрасти манобеъ:
1) Ҷалолуддин, Муҳаммад Балхӣ, Маснавии маънавӣ, интишороти Одинаи сабз, чопи дуюм, 1391
2) Ҳабибён, Аҳмад, Охират дар оинаи Маснавӣ, интишороти Матбуоти динӣ
3) Расули Маҳаллотӣ, Сайидҳошм, Ғурар-ул-ҳикам ва дурар-ул-килам, Теҳрон, 1385
4) Маҷиди Хонсорӣ, Ғуломҳусейн, Наҳҷ-ул-фасоҳа
5) Нилипур, Маҳдӣ, Биҳишти ахлоқ
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: