Омӯзиши намози кӯдаконро аз чандсолагӣ оғоз кунем?

Адаб

Омӯзиши намози кӯдаконро аз чандсолагӣ оғоз кунем?

Маърифати динӣ

Намоз аз аркони ислом аст ва таъкидоти фаровоне бар омӯхтани он ва омӯзиш додани намоз шудааст. Намоз дар ривоёт ба унвони сутуни дин ва раъси ибодот дониста шудааст.

Ба ҳамин сабаб дар сираи пешвоёни дин, ба омӯзиши намоз эҳтимоми зиёде шудааст.

Намоз амалест ибодӣ, ки пас аз камоли шинохту огоҳии инсон ва рафтору эҳсосоташ бар ӯ воҷиб мегардад.

Муҳимтарин мавзӯъ дар баҳси намоз, синни шурӯи омӯзиши намоз аст.

Аз чӣ замоне ба омӯзиши намоз бояд иқдом шавад? Бар асоси ривоёт, бояд аз замоне ба омӯзиши намоз иқдом шавад, ки инсон ба марҳалае аз рушд расида бошад, ки бифаҳмад, намоз ибодати Худованд аст ва бо дигар аъмоли мо фарқ дорад!

Дар ривояте омадааст, ки Муҳаммад ибни Муслим аз Имом Содиқ(а) суол кард: Кӯдак чӣ замоне намоз бихонад?

Фармуд: Замоне, ки намозро бифаҳмад.

Гуфт: Чӣ замоне намозро мефаҳмад ва намоз бар ӯ воҷиб мешавад? Яъне аз чӣ синне бояд ба намоз хондан шурӯъ кунад.

Имом фармуд: Дар шашсолагӣ.

Чунонки аз ин ривоят бармеояд, кӯдак ҳангоме ба намоз хондан маъмур мешавад, ки намозро дарк кунад ва ин замонест, ки вай ба синни шашсолагӣ расида бошад.

(Албатта мурод аз вуҷуб ё фарз дар ин ривоят фарзи фиқҳӣ нест, зеро ба иҷмои ҳамаи фуқаҳо дар ин син ба булуғи шаръӣ намерасад ва намоз хондан низ бар ӯ фарз нест).

Ба илова дар ривоёти дигар, синни шурӯи омӯзиши намоз ҳафтсолагӣ ва панҷсолагӣ низ матраҳ шудааст.

Бинобар ин, бар асоси ин ривоёт метавон гуфт, ҳангоме бояд ба омӯзиши намоз ба кӯдакон пардохт, ки ба марҳалае аз рушд расида бошад, ки бидонанд, намоз чист.

Кӯдакон дар синини 5 то 7-солагӣ, ба ин тавоноӣ мерсанд.

Ба ҳамин ҷиҳат, дар сира ва равиши пешвоёни дин, панҷ то ҳафтсолагӣ синни шурӯи омӯзиши намоз таин шудааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дарси ҷасорату шуҷоат
Пару слов о 12-дневной войне — израильско-американском противостоянии с Ираном

Матолиби пурбоздид