“Маро ёд кун, то туро ёд кунам”

Адаб

“Маро ёд кун, то туро ёд кунам”

Худованд дар Қуръони Карим, сураи Бақара, ояти 152 мефармояд:

“Ба ёди ман бошед, то ба ёди шумо бошам”.

Дар ин оят, хеле рӯшан баён шудааст, ки агар ба ёдам бошӣ, ба ёдат ҳастам.

Яъне агар ба ёди ман ва неъматҳо ва дар кул, ба ёди сарчашмаи ҳастӣ бошед, ман низ ба ёди шумо ҳастам.

Агар ба ёди Худо бошем, ба ин васила, руҳу ҷони худро поку рӯшан мекунем ва худро омодаи пазириши раҳмати Парвардигор мегардонем. Зеро таваҷҷуҳ ба ин зоти пок дар фаъолиятҳо моро мухлистар, ҷиддитар, нерумандтар ва масъулиятпазир месозад ва дар ин сурат, раҳмати ҷории илоҳӣ насиби мо мешавад, ки боиси саодатмандии мо хоҳад шуд. (Тафсири Намуна, зайли ояти 152, сураи Бақара).

Ҳоло чӣ гуна дар ёди Худо бошем?

Бинобар оёти Қуръон, чӣ гуна ёд кардани мо шаклҳои мухталифе дорад, ки дар поён, ба чанд намуна ишора мекунем:

1 – Итоат ва фармонбарӣ аз Худованд;

2 – Кумак кардан ва кумак хостан аз Худованд;

3 – Дуо ва дархост кардан;

4 – Шукри неъматҳои илоҳӣ…

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муаррифии китоб: МУҲОҶИРАТШИНОСӢ
Хабарҳои ҷадиде аз куруновирус

Матолиби пурбоздид