Осорхонаи торихии Донишгоҳи омӯзгорӣ таъсис мешавад
Ахбори фарҳангӣ
Бар асоси гузоришоти расида аз Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, осорхонаи торихии донишгоҳ таъсис хоҳад шуд.
Бино ба гузоришоти ректори донишгоҳ, зимни ҷаласаи назоратӣ, изҳор доштааст, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ “Осорхонаи таърихии донишгоҳ” таъсис дода шуда, дар он дастовардҳои ин боргоҳи илму дониш ба маърази намоиш гузошта мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки “Осорхонаи таърихии донишгоҳ” дар бинои нави таълимӣ ин донишгоҳ таъсис дода мешавад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн