Ҳузури Тоҷикистон дар намоишгоҳи Риёз 2023

Ҳузури Тоҷикистон дар намоишгоҳи Риёз 2023

Pressa.tj гузориш медиҳад: Имконоти гардишгарии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «Риëз-2023» – Riyadh Travel Fair – 2023 муаррифӣ гардид.

Дар ин чорабинӣ, намояндагони ҳукуматии Тоҷикистон ва ширкатҳои гардишгарӣ иштирок доранд.

Дар намоишгоҳ самтҳои соҳаи сайëҳии Тоҷикистон, аз ҷумла сайëҳии куҳӣ, хосса куҳнавардӣ, лижаронӣ ва рафтинг, инчунин саломатӣ, экологӣ, шикор ва моҳидорӣ, таърихӣ, маърифатӣ ва этнографӣ муаррифӣ карда шуд.

Намояндагони Тоҷикистон, сохторҳои вобаста ва ширкатҳои сайëҳии мамлакат имкон пайдо намуданд, ки бо истифода аз воситаҳои муосири тарғиботӣ табиати дилангез, қуллаҳои баланд, водиҳои зебоманзар, мавзеъҳои истироҳатӣ, расму оин, фарҳанги бою пурғановат ва ҳунарҳои мардумию таомҳои милии тоҷикиро ба оламиëн муаррифӣ намоянд.

Дар чорабинӣ намояндагони зиëда аз 30 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд ва аз гӯшаи Тоҷикистон, ки густарда ташкил гардида, зарфиятҳои зиëди сайëҳии мамлакат ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эҳёу улум-ид-дин
Осорхонаи торихии Донишгоҳи омӯзгорӣ таъсис мешавад

Матолиби пурбоздид