Оятуллоҳ Хоманаӣ: Тавсифи истеъмор ва истикбор, Омрикост
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Имрӯз тавсифи комили истеъмор ва истикбор, Омрикост”
Ахбори байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, ба муносибати иди Мабъаси ҳазрати Хатмимартибат, Муҳаммади Мустафо (с), бо коргузорони низоми Ҷ.И.Эрон, сафирон ва намояндагони кишварҳои исломӣ ва ҷамъе аз мардум дидор кард.
Дар ин дидор, Оятуллоҳ Хоманаӣ аз ҷумла гуфт: “Мо имрӯз дучори се марҳилаи истеъморӣ ҳастем; дастгоҳҳои қудрати зӯрманди шайтонии олам ба манобеъи табиии кишварҳо ва миллатҳо, ба фарҳанги асили онҳо ва ба ҳувияти миллӣ ва исломии онҳо чашм доранд ва дар садади тахриб ва тасарруфи инҳо ҳастанд. Ҳама як ҷур нестанд ва дар раъси онҳо Омрикост. Имрӯз тавсифи комили истеъмор ва истикбор, Омрикост ва Омрико зери нуфузи қудратмандони молии дараҷаи аввали дунёст.”
Қаламонлайн