Пазириши беш аз сӣ ҳазор нафар муҳоҷири рус дар Тоҷикистон
Пас аз оғози даргирии Русия бо Украина, ҳазорон нафар аз мардуми Русия шаҳрҳо ва рустоҳои худро тарк намуда ва ба Осиёи Миёна сафар кардаанд.
Ба гузориши бархе аз манобеъ, ин рақам ба чандсад ҳазор нафар расидааст, ки саҳми Тоҷикистон дар ин муҳоҷирпазирӣ назаррас буда ва беш аз сӣ ҳазор нафар муҳоҷири русро пазируфтааст.
Албатта ногуфта намонад, ки мардуми тоҷик, бо нишон додани фарҳанги болои худ, дар шаҳру ноҳияҳо, аз ин муҳоҷирон истиқболи хуше ба амал оварда ва онҳоро бо маскан ва ҷои кори муносиб таъмин намудаанд, ки дар ҷои худаш дар бораи он сӯҳбат хоҳад шуд.
Тибқи гузориши Маркази омори Русия, дар нимаи нахусти соли ҷорӣ, беш аз 419 ҳазор рус, кишвари худро тарк кардаанд.
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир, Русия шоҳиди як ҷаҳиши шадид дар нархи билети ҳавопаймо аз шаҳрҳои ин кишвар ба мақсади кишварҳои ҳамсоя шудааст.
Ҳамчунин марзҳои кишварҳое монанди Арманистон, Қазоқистон ва Гурҷистон пур аз саффи ҷавононест, ки дар радаи синнии эъзом ба артиш ҳастанд.
Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн