Пайгирӣ то расидан ба натиҷаи матлуб
Мабоҳиси иҷтимоӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Пайгирии мавзӯот то расидан ба натиҷа, яке аз авлавиятҳо аст”
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон:
“Яке аз муҳимтарини сарфаслҳое, ки банда мехоҳам бар он таъкид кунам, масъалаи пайгирӣ аст.”
Вай афзуд: “Ин пайгирӣ, албатта дар сатҳи раисиҷумҳур биҳамдиллоҳ вуҷуд дорад. Эшон воқеан дар ин замина фаъол ҳастанд; сафарҳои устонӣ, иртиботи мустақим бо мардум, ҳузур дар миёни вазоратхонаҳо ва тамоси наздик бо мудирон ва коркунон, ҳама нишондиҳандаи пайгирии муассир ва арзишманди эшон аст, ки бисёр муфид ва қобили тақдир аст.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт: “Аммо масъала фақат ба ин сатҳ маҳдуд намешавад; пайгирӣ бояд дар баданаи иҷроӣ шакл бигирад. Бояд дар мудирони миёнӣ ниҳодина шавад. Гоҳе авқот, вақте вазире тасмиме мегирад, ба он бовар дорад, ба иҷрои он тамоюл дорад ва ҳатто дастури онро ҳам содир мекунад. Аммо ҳамин тасмим вақте аз тариқи чанд восита ба лояҳои поинтар мунтақил мешавад, ба тадриҷ заиф ва камранг мешавад, то ҷое, ки дар ниҳоят, комилан аз байн меравад.”
Вай афзуд: “Ин дар ҳолест, ки корро сарангуштҳо бояд анҷом диҳанд; корро бадана иҷро мекунад, дастҳо ба ҳаракат дармеоянд, на фақат мағзҳо, ки фармон медиҳанд. Бинобар ин, пайгирӣ бояд то охирин марҳила идома ёбад; пайгирӣ то сарангуштҳо, то амали ниҳоӣ, то ҳусули натиҷаи воқеӣ.”
qalamonline.net
Қаламонлайн