Пайдо шудани маъдани алмос дар даруни ҳавлӣ
Қиссаи воқеӣ
Як марди англисӣ тасмим гирифт, ки барои кашфи маъдани алмос ба Африқо биравад.
Вай тамоми дороии худро фурӯхт ва рафту замине харид, ки кулбае дар он буд ва фақат ба ҷустуҷӯи алмос пардохт.
Дар ниҳоят натавонист чизе пайдо кунад, пас замин ва кулбаи худро барои фурӯш гузошт.
Шахсе барои хариди онҳо омад ва исми ӯ Кимберли буд.
Онҳо бар рӯи санге дар ҳавлӣ нишастанд ва қарордоди хариду фурӯшро имзо карданд. Вақте соҳиби аввалаи ҳавлӣ рафт, Кимберли он сангро каме такон дод ва зераш як тикка алмос дид.
Ва ин гуна буд, ки маъдани алмоси Кимберли кашф шуд.
Алмосҳо ҳамон ҷое буданд, ки он марди соҳибхона дар он ҷо зиндагӣ мекард. Ӯ дар паи ҷустуҷӯи алмос ҳама ҷоро гашта буд, ба ғайр аз хонаи худаш.
Ин як достони воқеӣ аст.
***
Ҳар чизе, ки дар ҷустуҷӯяш ҳастӣ, дар даруни худи туст.
Аз даруни худат ғофил машав.
Қаламонлайн