Панҷ омили боздоранда дар масири муваффақият
1 – Тарс
Ҳамаи мо метарсем, аммо афроди муваффақ тафовуташон дар ин аст, ки ба ҷои фикр кардан ба тарс, ба он чӣ мехоҳанд тамаркуз мекунанд ва дар бораи он фикр мекунанд.
2 – Таваҷҷуҳ ба арзёбии дигарон
Агар қарор бошад, ки фақат нигоҳамон ба назароти дигарон бошад, дар ҳамон ҷое, ки ҳастем, мемонем. Афроди муваффақ машварат мекунанд, аммо дар тасмимгирӣ ва мақоми амал, ба донистаи худ амал мекунанд.
3 – Иқдом накардан
Гоҳе мо бештар дар фикҳоямон қадам мебардорем. Бояд бо муваффақиятҳо рӯбарӯ шуд ва ба ҷои ғарқ шудан дар фикрҳо, қадам бардошт ва амал кард.
4 – Натиҷагароӣ
Бояд ҳадаф дошта бошем, аммо вақте қадам бардоштем, натиҷаро раҳо кунем. Таваҷҷуҳи зиёд ба натиҷа, зеҳни моро тарсу мекунад.
5 – Адами худбоварӣ
Бовар надоштани хештан, яъне сард кардани ангезаи қадам бардоштан. Муҳим нест, ки олӣ бошем. Муҳим ин аст, ки дар масири пешрафти хеш қадам бардорем ва дар ин масир, дидани доштаҳо ва тавоноиҳо ба мо ҷон мебахшад.
Қаламонлайн