Парвандаи ҷадид алайҳи Бузургмеҳр Ёров ташкил шудааст

Парвандаи ҷадид алайҳи Бузургмеҳр Ёров ташкил шудааст

Ахбори минтақа

Ба гузориши АзияПлюс,  Бузургмеҳр Ёров аз зиндон ба боздошгоҳи муваққати Душанбе мунтақил шудааст; ин матлабро бунёди Бузургмеҳр, ки дар созмони ҳуқуқии мустақар дар Полша аст эълом кард.

Ҷамшед Ёров бародари Бузургмеҳр Ёров низ баёнияи ин созмонро дар саҳифаи фесбуки худ бознашр кардааст.

Ин манбаъ навишт, ин парванда бар асоси модаи 247 қисмати 4 банди “а” ва “б” қаллобӣ дар мавориди хатарноки қонуни ҷазо ва бар асоси дархости яке аз зиндониён, ки ба ҳамроҳи Бузургмеҳр Ёров дар зиндони шаҳри Ваҳдат даврони маҳкумияти худро мегузаронад ташкил шудааст.

Бузургмеҳр Ёров аз соли 2015 дар зиндон ба сар мебарад.

Вай ба иттиҳоми қаллобӣ, ҷаъл, тавҳин ба намоянда ва иҳонат ба додгоҳ муҷрим шинохта шуда ва ба 28 сол зиндон маҳкум гаштааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чанд нукта перомуни маҳкумияти Абдулҳаннон Маннонов
Гули зардолу мерезад

Матолиби пурбоздид