Паёми Амрико ба Башшор Асад: Эронро раҳо кун, ҷонат халос!
New York Times
Ахбори байналмилал
Рӯзномаи омрикоии New York Times аз паёми маҳрамонаи Вошингтун ба Димишқ хабар дод. Ин рӯзнома ин хабарро ба нақл аз мақомоти собиқи омрикоӣ, ду диплумоти урупоӣ ва чаҳор мақоми исроилӣ мунташир кард.
Дар гузориши New York Times омадааст: “Дар ҳоле, ки Сурия моҳҳо аз сӯйи Исроил бомбборон мешуд, дар пушти саҳна Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс ба таври диплумотик бо Башшор Асад тамос гирифтанд. Ин як рӯйкарди махфиёна ва дуҷониба барои таҳти фишор қарор додани раиси ҷумҳури Сурия ҷиҳати канор гузоштани муҳимтарин иттиҳоди минтақаии худ бо Ҳизбуллоҳ ва Эрон буд.”
Ба навиштаи ин рӯзнома, “пешниҳодҳо барои Асад маҳсули чизе буд, ки Исроил ва муттаҳидонаш онро фурсате нодир аммо пурхатар медонистанд… Бо шикастани шабакаи минтақаии Эрон таҳти ҳамалоти Исроил, онҳо умедвор буданд, ки бо фишор, муҳимтарин шарики Эронро аз эътилоф хориҷ кунанд.”
Дар ин гузориш бо ишора ба ҳамалоти гурӯҳи теруристии Ҳайати Таҳрири Шом омадааст: “Акнун, ин барнома мумкин аст тавассути як нерӯи бисёр кӯчактар анҷом шавад: шӯришиёни эҳёшуда ҳамлаи муваффақи шигифтовареро дар Сурия оғоз кардаанд ва то ҳадде аз фишоре, ки Исроил бар иттиҳоди ҳомии Асад ворид овардааст, баҳрабардорӣ мекунанд. Шӯришиён дар арзи чанд рӯз, бахши аъзами шаҳри бузурги Ҳалабро тасарруф карданд ва султаи Асадро дар шимоли ғарби кишвар ба чолиш кашиданд.”
Тибқи навиштаи New York Times, “коршиносон ва диплумотҳои минтақаӣ интизор доранд бо вуҷуди тазъифи шарикони Асад, ӯ акнун ҳатто бештар аз қабл ба тарки Эрон ва муттаҳидонаш бемайл шуда бошад, касоне, ки ҳанӯз беҳтарин гузина барои ҷангидан ва бақои режимаш ҳастанд.”
Дар ин гузориш дар бораи ин ки чӣ касе паёмҳоро ба Асад расондааст ва ин ки Омрико ва Исроил чӣ гуна тасаввур мекарданд ӯ Эронро аз Сурия хориҷ кунад, ба ҷузъиёти бештаре ишора нашудааст.
Тибқи гузориши New York Times, бахше аз пешниҳодҳо ба Башшор Асад, шомили ваъдаҳои кӯмаки иқтисодии кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва тарҳҳое барои коҳиши таҳримҳои мавсум ба “Қонуни Сезор” алайҳи Сурия буд.
Қаламонлайн