Эъломи ҳамбастагии 800 шахсият аз 60 кишвар бо Ғаннушӣ 

Эъломи ҳамбастагии 800 шахсият аз 60 кишвар бо Ғаннушӣ 

“Фавран ӯро озод кунед!”

Наздик ба 800 шахсият аз кишварҳои исломӣ хостори озодии бе қайду шарти Рошид Ғаннушӣ, раиси порлумони мунҳалшудаи Тунис ба муносибати 100-умин рӯзи боздошти вай шуданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал-арабӣ ал-ҷадид, имзокунандагони ин тӯмор, ки аз 60 кишвари мухталифи ҷаҳон ҳастанд, ҳамбастагии худро бо Ғаннушӣ ва бақияи зиндониёни сиёсӣ дар Тунис эълом карданд ва хостори озодии фаврии онҳо, ҳифзи каромат ва эҳтиром ба ҳуқуқи шаҳрвандон ва парҳез аз сиёсати боздоштҳои ғайри қонунӣ шуданд.

Ғаннушии 82-сола аз 17 апрели соли ҷорӣ тавассути нерӯҳои амниятии Тунис боздошт шудааст ва ба гуфтаи гурӯҳи дифоъии вай, бо 9 иттиҳом дар мавориде, ки муҷозоти бархе аз он, эъдом аст, мувоҷеҳ аст назири парвандаи “тавтиа алайҳи амнияти миллӣ”, “сервиси махфии ҷунбиши Аннаҳза”, парвандаи “эъзоми ҷавонон ба конунҳои таниш ва теруризм” ва ғайра.

Дастгирии Ғаннушӣ ҷанҷоли густурдае ба роҳ андохт ва созмонҳо ва шахсиятҳои байналмилалӣ аз дастгирии вай интиқод карданд ва хоҳони эҳтиром ба усули қонун, озодиҳо ва касратгароии сиёсӣ дар кишвар шуданд.

Илова бар ин, аз 18 апрел, мақомоти тунисӣ чанд соат пас аз дастгирии Ғаннушӣ, раҳбари Аннаҳза, мақарри ин ҷунбиш ва Ҷабҳаи Наҷотро бастанд ва ҷаласот дар онҷоро мамнӯъ карданд.

Имзокунандагони ин тӯмор аз ҷумла сиёсатмадорон, фаъолони иҷтимоӣ, намояндагони маҷлис ва донишгоҳиён эълом карданд, Тунис, ки “то ҳамин авохир манбаъи илҳоми мардуми минтақа буд, дар ду соли гузашта шоҳиди як пасрафти хатарнок ба самти диктотурӣ буда ва ин амр пас аз иқдомоти кудатогунаи Қайс Саъид дар тасоҳуби ҳамаи қудрат, мусодираи озодиҳо ва инҳилоли ниҳодҳо анҷом шуд.”

Аз ҷумлаи шахсиятҳое, ки ин тӯморро имзо карданд, Муҳаммад Мунсиф Марзуқӣ, раисиҷумҳури собиқи Тунис, Абдуллоҳ Бунақрон ва Саъдуддин Алусмонӣ, нахуствазирони собиқи Марокаш, Эмин Нур, сиёсатмадори мисрӣ, Ториқ ал-Ҳошимӣ, муовини собиқи раисиҷумҳури Ироқ ва Мустафо Шантуп, раиси собиқи порлумони Туркия аст.

Дар матни тӯмор омадааст, ки танҳо ҷинояте, ки Ғаннушӣ ва бақияи зиндониёни сиёсӣ ба хотири он боздошт шудаанд, “мухолифати онҳо бо иқдомоти кудатогуна ва мухолифати онҳо бо исрори Қайс Саъид дар зарба задан ба дастовардҳои демукротик дар Тунис ва бозгардондани кишвар ба диктотурӣ аст.”

Имзокунандагони тӯмор тасреҳ карданд, Ғаннушӣ мутафаккир ва сиёсатмадоре аст, ки ба унвони яке аз барҷастатарин назарияпардозони созгорӣ ва ҳамзистӣ миёни ислом ва демукросӣ шинохта мешавад, ӯ нақши муҳимме дар гузори Тунис ба сӯйи озодӣ ва демукросӣ пас аз инқилоб ифо кард.

Ҷунбиши Аннаҳза дар баёнияе эълом кард, бо гузашти 100 рӯз аз дастгирии Ғаннушӣ, садҳо шахсият дар ҷаҳони ислом хостори озодии вай ва бақияи сиёсиюн ва зиндониён дар Тунис шуданд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Истеъмор ва истеъморзудоӣ
Оё Путин аз қудрат барканор мешавад?

Матолиби пурбоздид