Паёми Ҷиҳоди Исломии Фаластин ба Ҳизбуллоҳ: “Истодагии муҷоҳидони муқоваматро табрик мегӯем”

Паёми Ҷиҳоди Исломии Фаластин ба Ҳизбуллоҳ: “Истодагии муҷоҳидони муқоваматро табрик мегӯем”

 “Канори шумо хоҳем монд”

Ахбори байналмилал

Зиёд Нахола, дабири кулли ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин, оташбас дар Лубнонро ба шайх Наъим Қосим, дабири кулли Ҳизбуллоҳ табрик гуфт ва афзуд: “То замони таҳаққуқи пирӯзӣ, дар як саф канори шумо хоҳем монд.”

Ба гузориши Ирно, Нахола дар паёме ба шайх Наъим Қосим, истодагии муҷоҳидони муқовамат ва миллати Лубнон ва таҳаққуқи оташбасро табрик гуфт.

Вай хитоб ба дабири кулли Ҳизбуллоҳ афзуд: “Мубориза ва истодагӣ кардед ва ба бародарони худ дар Фаластин ёрӣ расондед. Шумо хуни пок ва гаронбаҳои худро дар ин роҳ тақдим кардед, дар ҳоле, ки дигарон ҳатто як ҷуръа об ба ташнагон ва гуруснагони фаластинӣ надоданд.”

Дабири кулли ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин дар ин паём таъкид кард: “То замони таҳаққуқи пирӯзӣ, дар як саф ва дар як муқовамат дар канори шумо хоҳем монд.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳалокати 400 терурист дар ҷануби шарқи Идлиб
Ҳизбуллоҳ: “Исроил барои оташбас ба илтимос афтод”

Матолиби пурбоздид