Пешгуфтори Имом Ғаззолӣ бар рисолаи “Файсалут тафриқа байнал исломи ваз зандақа”

Таърих

 

Пешгуфтори Имом Ғаззолӣ бар рисолаи “Файсалут тафриқа байнал исломи ваз зандақа”

Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ рисолае дорад ба номи “Файсалут тафриқа байнал исломи ваз зандақа”, ки бо ин ки ҳаҷми калоне надорад ва чанд сафҳа бештар нест, аммо рисолае аст ба ғоят олӣ ва аз назари илмӣ, дорандаи арзиши воло.

Пешгуфтори ин рисола, ки Имом Ғаззолӣ барои он нигошта, бисёр пурмазмун аст, ки холӣ аз фоида нест онро мурур кунед.

Ғаззолӣ дар ин пешгуфтор, баъд аз бисмиллоҳ ва ҳамди Худо ва сано бар Расули Акрам (с), хонадони покаш ва саҳобагони гиром, менависад:

“Эй бародари дилсӯз ва эй дӯст, ки (барои ман) таъассуб ба харҷ медиҳӣ, дидам, кинаи хеш (бар зидди касоне, ки бар ман тӯҳмат мезананд) барангехтаӣ. Ва фикрат парешон аст аз таъна ва айбҷӯйии гурӯҳе аз ҳасадварзон, ки (таъна ва айб меҷӯянд) бар баъзе китобҳои мо, ки дар мавриди асрори муомилоти дин навиштаем. Ва (низ) аз ин пиндорашон, ки (мегӯянд) дар ин китоб дидгоҳҳое иброз гардида, ки мухолифи (дидгоҳи) мазҳаби пешиниён ва бузургони мутакаллимин (1) аст ва ҳол он ки канорагирӣ аз мазҳаби ашъарӣ, ҳарчанд ба андозаи як ангушт куфр аст ва ҷудо шудан аз он, ҳарчанд дар як чизи андак, гумроҳӣ ва зиёнкорист.

Бар худ осон бигир, эй бародари дилсӯз ва таъассубкунанда бар он чи онон мегӯянд, эшонро некӯ раҳо соз!

Касеро хору ҳақир бишумор, ки (аслан) мавриди ҳасаду тӯҳмат қарор намегирад ва касеро кучаку хурд бишумор, ки (аслан) ба куфру гумроҳӣ маъруф нест.

Кадом даъваткунандае комилтару оқилтар аз сарвари паёмбарон (ҳазрати Муҳаммад (с)) мебошад ва ҳол он ки (дар бораи он ҷаноб (с)) гуфтанд, ки ӯ девонае аз девонагон аст? (2)

Кадом сухане бузургтар ва росттар аз сухани парвардигори ҷаҳониён аст ва ҳол он ки дар бораи ин сухан гуфтанд, ки афсонаҳои пешиниён аст? (3)

Мабодо хештанро бо душманӣ бо эшон машғул созӣ ва тамаъ дар фикри шикаст доданашон варзӣ, ки тамаъ дар ғайри ҷояш варзидаӣ ва овоз дар ғайри маконаш сар додаӣ. Оё нашнидаӣ, ки гуфтаанд (шеъре арабӣ):

(Дар мавриди) ҳар душмание, умед меравад, ки беҳбуд гардад.

Ҷуз душмании касе, ки аз рӯйи ҳасад бо ту душманӣ варзида.

Дар инчунин маврид, агар тамаъе (умеде) ба ислоҳ мебуд, ҳаргиз бар бузургтарини мардумон аз назари мартиба (ки ҳазрати Муҳаммад (с) аст), оятҳои ноумедӣ тиловат намешуд, он ҷо, ки (оят) мегӯяд: “Ва агар рӯйгардонии онон (мушрикон), ба ту гарону душвор меояд, агар тавонӣ сурохе (барои фурӯ шудан) дар замин, ё нардбоне (барои фаро шудан) дар осмон биҷӯй, то нишонае барояшон биёварӣ, (ки албатта натавонӣ кард). Агар Худо мехост, ононро бар роҳи рост гирд меовард. Пас, аз нодонҳо мабош”. (4)

Ва (низ) ин оят (тиловат намешуд), ки: “Ва агар даре аз осмон бар онон бигушойем, то пайваста дар он боло раванд (ва қудрату мӯъҷизоти моро бингаранд), ҳар ойина мегӯянд: чашмони моро пӯшише барниҳодаанд (ва моро чашмбандӣ кардаанд), балки мо гурӯҳе ҷодузадаем”. (5)

Ва (ҳам) ин оят (нозил намешуд), ки: “Ва агар китобе навишта дар коғазе бар ту фурӯ фиристем ва онро бо дастҳои хеш ламс кунанд, касоне ки кофир шуданд, ҳар ойина мегӯянд: ин нест магар ҷодуе ошкор”. (6)

Ва (низ) ин оят (фурӯ фиристода намешуд), ки: “Ва агар мо фариштагонро ба сӯйи эшон мефиристодем ва мурдагон бо онон ба сухан меомаданд ва ҳар чизеро рӯбарӯяшон фароҳам меовардам, боз ҳам имон намеоварданд, магар онон ки Худо хоҳад ва лекин бештарашон нодонӣ мекунанд”. (7)

Бидон, ки андеша ва имон ва ҳадди ин ду ( 8 ), ҳақ ва гумроҳӣ ва рози ин ду, бар дилҳое, ки ба талаби молу манол ва алоқа ба мақому мансаб олуда аст ошкор намешавад, балки бар дилҳое зоҳир мегардад, ки аввалан аз чиркинии чарбҳои дунё пок шудаанд. Сониян, бо риёзати комил ҷило ёфтаанд. Солисан, бо зикри беолоиш нуронӣ гардидаанд. Робеан, бо андешаи дуруст тағзия шудаанд. Хомисан, бо мулозимат (ва риояти) ҳудуди шариат ороста гардидаанд, то он ҷо, ки бар он дилҳо нуру рӯшанӣ аз мишкоти (чароғдони) паёмбарӣ интишор ёфта ва чунон гардидааст, ки гӯӣ ойинаест ҷило додашуда. Ва чароғи имон дар шишаи (чароғдони) қалбаш чунон рӯшанӣ медиҳад, ки наздик аст равғанаш ҳам (аз дурахшандагӣ) рӯшанӣ диҳад, гарчи оташе ба он нарасад.

Аз қуҷо асрори малакут барои мардуме ошкор шавад, ки худояшон ҳавову ҳавасҳошон, маъбудашон подшоҳанашон, қиблаашон дирҳаму динорҳошон, шариаташон аҳмақиашон, иродаашон ҷоҳу шаҳватошон, ибодаташон пешхидматӣ барои сарватмандошон, зикрашон васвасаҳошон, ганҷашон сиёсатпешагонашон ва андешаашон ёфтани ҳилаву найранг барои он чи обрӯяшон иқтизо мекунад аст?

Пас, якчунин афроде, аз куҷо барояшон торикии куфр аз рӯшании имон ҷудо мешавад? Оё бо илҳоме илоҳӣ? Ҳол он ки дилҳояшонро аз чиркиниҳои дунё барои пазириши он фориғ насохтаанд. Ва ё бо камоле илмӣ? Ҳол он ки бизоъаташон дар илму дониш, фақат донистани масъалаи наҷосату оби заъфарону амсоли инҳост.

Ҳайҳот! Ҳайҳот! Ин матлаб нафистару волотар аз он аст, ки бо ин орзую рифқу мудоро ба даст ояд.

Пас, ту ба худат машғул шав ва боқимондаи умратро дар бораи онҳо беҳуда талаф макун: “Пас рӯй бигардон аз ҳар он ки аз зикри мо рӯй мегардонад ва ҷуз зиндагии ин ҷаҳонро намехоҳад. Ин аст мунтаҳои дастёбии онҳо ба дониш. Ҳамоно парвардигори ту донотар аст ба он касе ки аз роҳи ӯ гумроҳ шуда ва ҳам ӯ донотар аст ба он ки роҳ ёфтааст”. (Сураи Наҷм, оятҳои 20 ва 30)

(Тарҷимаи Сайидюнуси Истаравшанӣ)

Поварақӣ:

(1) Мутакаллим ба касе гуфта мешавад, ки тахассус дар илми калом дошта бошад. Ва вазифаи мутакаллим, табйин ва исботи эътиқодоти динист ва низ вазифаи дигаре, ки мутакаллим дорад, дифоъ аз дин ва мазҳаб дар баробари шубуҳотест, ки бар он ворид мешавад.

(2) Сураи Ҳиҷр, ояти 6.

(3) Сураи Наҳл, ояти 24.

(4) Сураи Анъом, ояти 35.

(5) Сураи Ҳиҷр, оятҳои 14 ва 15.

(6) Сураи Анъом, ояти 7.

(7) Сураи Анъом, ояти 111.

( 8 ) Ҳадд дар ин ҷо ба маънои таъриф аст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳаққи падар бар фарзанд
Мулоқоти сафири Тоҷикистон ва намояндаи Чин дар Риёз

Матолиби пурбоздид