Пешниҳодоти Эрон ба сарони кишварҳои исломӣ

Пешниҳодоти Эрон ба сарони кишварҳои исломӣ

Чанд пешниҳоди Эрон ба сарони кишварҳои исломӣ дар хусуси режими саҳюнистӣ

Ахбори байналмилал

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон, дар Иҷлоси Созмони ҳамкории исломӣ гуфт: “Афкори умумии ҷаҳон ва бавежа ҷаҳони ислом, қавиян аз мо интизор доранд, то дар натиҷаи ин иҷлоси сарон, тавсия ва иқдомоти муҳимме дошта бошем шомили:

1) Таъкид бар барқарории оташбаси фаврӣ, комил, бе қайду шарт ва доим дар тамоми манотиқи Ғазза аз ҷумла дар Рафаҳ ва ҳатто каронаи Бохтарӣ;

2) Рафъи комили муҳосираи инсонии Ғазза;

3) Табодули асирон;

4) Муваззаф сохтани режими Исроил ба хуруҷи фаврӣ, комил ва ғайри машрути тамоми нерӯҳои низомӣ ва таҷҳизоти онҳо аз Ғазза ва тазмини байналмилалии бозгашти амни мардум ба манотиқ ва амокини худ;

5) Эъмоли таҳрими фаврии таслиҳотӣ ва тиҷорӣ алайҳи режими Исроил;

6) Ҳимоят аз қарори илзомовари Девони байналмилали додгустарии Лоҳа (Гаага) ва фароҳам сохтани заминаи муҳокима ва муҷозоти тамоми омирон, омилони ҷиноёти Исроил. Барои тазмини сулҳ ва амният дар минтақа ва ҷаҳони ислом, бояд режими саркаш ва ишғолгари Фаластинро мутаваққиф, муҳокима ва муҷозот кард.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дуввумин амалиёти зидди саҳюнистии муқовамати Баҳрайн тайи як ҳафта
Музокироти оташбас бе натиҷа ба поён расид

Матолиби пурбоздид