Ҳамлаи рокетӣ ба мавозеи низомии Исроил

Ҳамлаи рокетӣ ба мавозеи низомии Исроил
Набарди сангини заминӣ дар Байт-Ҳонун
Ахбори байналмилал
Гурдонҳои шаҳид Иззуддин Қассом баъд аз зуҳри имрӯз (6-декабр) мавзеи низомии Суфои режими саҳюнистӣ ва шаҳраки саҳюнистнишини Нирисҳоқро бо рокет ҳадаф қарор дод.
Ба гузориши Ирно ба нақл аз расонаҳои фаластинӣ, ба дунболи ин ҳамла, садои ожири хатар дар шаҳракҳои саҳюнистнишини атрофи навори Ғазза, аз ҷумла Асқалон ба садо даромад.
Дар пайи ин ҳамла, як рокети муқовамати Фаластин ба таври мустақим ба корхонае дар шаҳраки Асқалон исобат кард ва манобеи режими саҳюнистӣ гуфтанд, ки як нафар дар ин ҳамла захмӣ шудааст.
Артиши режими саҳюнистӣ рӯзи гузашта эълом кард, ки аз оғози амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” дар 7-октябр то кунун беш аз 11 ҳазор рокет аз Ғазза ба самти сарзаминҳои ишғолии Фаластин партоб шудааст.
Ин дар ҳолест, ки набардҳои сангини заминӣ низ ҳамакнун байни размандагони муқовамат ва низомиёни режими саҳюнистӣ дар минтақаи Байт-Ҳонун дар навори Ғазза дар ҷараён аст.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Садои ожири хатар дар Илот
Шаҳрвандии Олмон ба шарти ба расмият шинохтани Исроил

Матолиби пурбоздид