Пизишкиён: “Ҳодисаи теруристии Лубнон мояи шармсории ғарбиҳо ва омрикоиҳост”

Пизишкиён: “Ҳодисаи теруристии Лубнон мояи шармсории ғарбиҳо ва омрикоиҳост”

Байналмилал

Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҳодисаи теруристии Лубнон мояи шармсории ғарбиҳо ва омрикоиҳост, гуфт:

“Иттифоқе, ки дар Лубнон афтод, як бори дигар нишон дод, ки кишварҳои ғарбӣ ва омрикоиҳо агарчӣ дар зоҳир иддао мекунанд, ки ба дунболи барқарории оташбас ҳастанд, аммо дар амал, тамомқад аз ҷиноят, куштор ва терурҳои кӯри режими саҳюнистӣ ҳимоят мекунанд.”

Вай афзуд: “Илоҷи ислоҳи ин вазъият ва қатъи занҷираи зулму ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш алайҳи фаластиниёни мазлум ва ҷаҳони ислом, ваҳдат ва инсиҷоми мусалмонон ва кишварҳои исломӣ аст.”

Пизишкиён хотирнишон кард: “Ин ки аз абзорҳое, ки ба шакли марсум барои иртиқои осоиш ва рифоҳи ҳоли башар сохта шудаанд, барои терур ва нобудӣ алайҳи касоне, ки нигоҳи онҳо бо мо ҳамсӯ нест истифода шавад, гувоҳи суқути инсоният ва ғалабаи ҳавои ваҳшигарӣ ва ҷиноятпешагӣ аст.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инфиҷори густарда дар ҷануби Бейрут
Рози муваффақияти Ихвонулмуслимин дар интихоботи Урдун

Матолиби пурбоздид