ПМТ ба мардуми Бадахшон паёми таслият ирсол намуд
Ахбори минтақа
Дар паи фаромадани тарма дар Бадахшон ва талафоти ҷонии ҳамватанон, Паймони Миллии Тоҷикистон ба хонаводаҳои қурбониён ва тамоми мардуми Бадахшон таслият гуфт.
Матни паёми таслият ба шакли зер аст:
“Паймони Миллии Тоҷикистон ҳамдардӣ ва таслияти амиқи худро ба мардуми Бадахшон ва хонаводаҳои қурбониён барои талафоти ҷонӣ, ки бар асари фаромадани тарма дар ҳудуди ВМКБ рух дод, иброз менамояд.
Ин ҳаводиси дилхарош бори дигар нишон дод, ки чораҳои эминӣ ва пешгирикунанда аз талафоти сангин дар натиҷаи суқут ва сарозер шудани баҳман дар манотиқи куҳистонӣ, аз ҷумла Бадахшон, пешбинӣ нашудааст ва баҳои ин хунукназарии мақомотро мардуми оддӣ мепардозанд.
Аз Худованди Маннон барои шуҳадо раҳмату мағфират, барои маҷруҳон шифои комил ва ба бозмондагони онҳо сабри ҷамил хоҳонем.”
Паймони Миллии Тоҷикистон
15.02.2023
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн