Пойгоҳи исроилии Wala: Фаластиниҳо аз токтики «бизану бигурез» дар набард бо Исроил истифода мекунад

Пойгоҳи исроилии Wala: Ҷангҷӯёни фаластинӣ аз токтики «бизану бигурез» дар набард бо артиши Исроил дар Ғазза истифода мекунад
Ахбори байналмилал
Ба гузориши Ал-арабӣ ал-ҷадид, пойгоҳи исроилии Wala ба нақл аз сарбозони ширкаткунандаи артиши Исроил дар набардҳои дохили навори Ғазза навишт: “Ҷангҷӯёни фаластинӣ аз токтики «неши газанда» истифода мекунад, ки бар асоси он, ҷангҷӯёни фаластинӣ ногаҳон аз байни сутунҳои сохтмонҳои тахрибшуда зоҳир шуда ва иқдом ба тирандозӣ ва шиллики мушакҳои зидди тонк карда ва сипас ба суръат, аз маҳалл нопадид мешаванд; амре, ки расад ва шиносоии онҳоро барои ҳавопаймоҳои исроилӣ душвор мекунад.”
Пойгоҳи Wala афзуд, аносири фаластинӣ аз масофаи начандон наздик тирандозӣ карда ва аз токтикҳои размӣ истифода мекунанд ба тавре, ки паҳподҳои шиносоӣ ва сарбозони исроилӣ қодир ба расади онҳо нестанд.
Ин пойгоҳи исроилӣ идома дод, аносири мусаллаҳи фаластинӣ аз зери замин хориҷ шуда ва аз манозили тахрибшуда барои ҳаракат ва махфӣ кардани худ истифода мекунанд.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сиёсатмадори исроилӣ хоҳони ҳамлаи атомӣ ба Ғазза шуд
Бо пӯзиш аз ҳамаи ҳайвонот!

Матолиби пурбоздид