Ҳушдори шадиди муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳ ба Исроил

Ҳушдори шадиди муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба режими саҳюнистӣ
Ахбори байналмилал
Шайх Наим Қосим, муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, бо ҳушдор ба режими саҳюнистӣ, гуфт: “Он чи дар Фаластин мегузарад, маҳдуд ба Фаластин нахоҳад буд ва ба кулли минтақа густариш хоҳад ёфт.”
Ба гузориши Ирно ба нақл аз шабакаи Алҷазира, Қосим ба режими саҳюнистӣ ҳушдор дод: “Мо хоҳони тавсиаи ҷанг аз Лубнон нестем, аммо агар Исроил иқдом ба тавсиаи ҷанг кунад, посухи мо ва рӯёрӯӣ ҳатмӣ аст; то ҳар андоза, ки ниёз бошад.”
Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳ афзуд: “Вақте мо Ғаззаро ёрӣ мекунем, меҳан ва наслҳои ояндаи худро дар баробари ин унсури ваҳшии тавсиаталаб (режими саҳюнистӣ) ёрӣ мекунем.”
Вай бо ишора ба ин ки режими саҳюнистӣ ҳеч як аз бандҳои қатъномаи 1701-ро иҷро накардааст, таъкид кард: “Мо ба муқовамат идома хоҳем дод ва онро қавитар ва мусаллаҳтар хоҳем кард ва муқовамат дар омодагии ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд.”
Мақоми аршади Ҳизбуллоҳ тасреҳ кард: “Тасмими мо равшан ва он озодсозии сарзамини худ аст ва ҳеч қаймумияти хориҷиро намепазирем.”
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Исмоил Ҳаниа: “Исроил дар ҳеч як аз аҳдофи худ ба натиҷа нарасид”
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Сабру муқовамати Ғазза режими саҳюнистиро водор ба ақибнишинӣ кард”

Матолиби пурбоздид