Полковник Мавлон Турсуни тоҷикистонӣ – фармондеҳи баландпояи артиши ҷадиди Сурия
Ахбори байналмилал
Полковник Мавлон Турсунов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз сӯйи Ҷулонӣ ба унвони фармондеҳи баландпояи артиши ҷадиди Сурия таъйин шуд кист?
Хабаргузориҳои Фаронса (AFP) ва Reuters ва низ расонаҳо ва хабаргузориҳои арабӣ аз ҷумла рӯзномаи Аннаҳор, рӯзи душанбе гузориш доданд, ки ҳокимони ҷадиди Сурия феҳристе аз 49 фармондеҳи баландпояи сохтори ҷадиди артиши ин кишварро эълом карданд, ки дар ин феҳрист номи шуморе аз “ҷиҳодиҳои ғайри сурияӣ” аз ҷумла шаҳрванди Тоҷикистон ба номи Мавлон Турсун Абдусамад низ, ки ба ӯ дараҷаи сарҳангӣ (полковник) эъто шуда дида мешавад.
Бар асоси ин гузориш, дар канори Мавлон Турсуни тоҷикистонӣ, ҳамчунин шаҳрвандони Чин (уйғур), Туркия, Ӯрдун, Миср, Олбонӣ (Албания) ва ғайра низ дар ин феҳрист дида мешаванд.
Ин феҳристи ҷадид бо имзои Абӯмуҳаммад Ҷулонӣ (Аҳмад аш-Шаръ), раҳбари Таҳрири Шом ва ҳокими феълии Сурия мунташир шудааст ва барои 5 нафар аз ин “ҷиҳодиҳои ғайри сурияӣ” дараҷаи женерол ва барои чанд нафари дигар аз ҷумла Мавлон Турсуни тоҷикистонӣ, дараҷаи полковник дода шудааст.
Ҳанӯз маълумоти кофӣ дар бораи ин шаҳрванди Тоҷикистон яъне Мавлон Турсун, дар шабакаҳо ва расонаҳо дар дастрас нест ва албатта то чанд рӯзи дигар ҳатман дар бораи кистии ин фард иттилоот расонаӣ хоҳад шуд.
Annahar
Қаламонлайн