Порсӣ

Адаб

Порсӣ

НОДИРА НАЗАРӢ

Афсонаҳои олами болост порсӣ,

Руҳи тамоми мардуми дунёст порсӣ!

Аз меҳри поки модарам овони кӯдакӣ,

Чун ҳадяи бузурги Таъолост порсӣ!

“Шаҳнома”-и муҳаббату таълими зиндагӣ,

Донишгаҳи Ҳакими тавоност порсӣ!

Аз шеърҳои Рӯдакӣ то Лоиқи замон,

Шарқи Сухан хазинаи барҷост порсӣ!

Бишнав ғазал зи минбари фарҳанги Ориё,

Оҳанги дилбарона, чӣ зебост порсӣ!

Гӯянд аз латифии ҳар ғунчаи хаёл,

Гулбоғи вожаҳои мубаррост порсӣ!

Ганҷинае, ки дил аз он ҳаргиз намеканам,

Дилномаи забони Аҳурост порсӣ!

Шаҳди Биҳишти анбарин, оре чӣ хушнаво,

Лаҳни шакарлабони парисост порсӣ!

НОДИРА НАЗАРӢ

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паёмадҳои мусбати ҳамалоти Эрон аз забони коршиноси фаластинӣ
Иттиҳодияи Аврупо эъмоли таҳримҳои бештар алайҳи Эронро баррасӣ мекунад

Матолиби пурбоздид