Поёни шумориши орои интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар Эрон

Поёни шумориши орои интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар Эрон

 Пизишкиён раиси ҷумҳури Эрон

Ахбори байналмилал

Бар асоси шумориши орои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон, Пизишкиён ба унвони нӯҳӯмин раиси ҷумҳури ин кишвар интихоб гардид.

Бар ин асос, дуввумин марҳила аз чаҳордаҳумин даври интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, субҳи дирӯз (ҷумъа, панҷӯми июл) баргузор шуд ва дар ниҳоят, Масъуди Пизишкиён аз маҷмӯи 30530157 раъйи ба сандуқҳо рехташуда, 16384403 раъй ба даст овард ва ба унвони нӯҳумин раиси ҷумҳури Эрон интихоб шуд. Рақиби Пизишкиён, Саъиди Ҷалилӣ – дабири собиқи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон буд, ки бо касби 13538179 раъй, дорои рутбаи дуввум шуд.

Дар ин интихобот, ки ба далели шаҳодати Сайид Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури пешин ва ҷамъе аз ҳамроҳонаш дар ҳодисаи суқути чархбол дар шимолу ғарби Эрон, як сол зудтар аз замони муқаррар баргузор шуд, ҳудуди 61 миллиону 500 ҳазор нафар дорои шароити раъйдеҳӣ буданд.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мақоми Иброҳим (а)
Иртиботи дониш бо рафтори инсон

Матолиби пурбоздид