Раиси дафтари Ҳамос: Мо пирӯзу сарбаланд ҳастем
Ахбори байналмилал
Халил ал-Ҳайя, муовини раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) ва ҳайъати ҳамроҳ, дар ибтидои дидор бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, бо табрики пирӯзии муқовамати Ғазза, хитоб ба раҳбари Эрон гуфт:
“Мо имрӯз дар ҳоле ба дидори ҷаноби олӣ омадаем, ки ҳама сарбаланд ҳастем ва ин пирӯзии бузург, пирӯзии муштараки мо ва Ҷумҳурии Исломӣ аст.”
Қаламонлайн