Сипоҳи Посдорони Эрон: “Режими саҳюнистӣ товон пас хоҳад дод”

Сипоҳи Посдорони Эрон: “Режими саҳюнистӣ товон пас хоҳад дод”
Ахбори байналмилал
Ба гузориши хабаргузории Тасним, дар пайи шаҳодати женерол Сайидразӣ Мӯсавӣ, аз фармондеҳони Сипоҳи Посдорони Ҷ.И.Эрон дар Сурия, Сипоҳ иттилоияе бад-ин шарҳ содир кард:
“Бисми Раббиш-шуҳадо
Ба огоҳии миллати Эрон мерасонад соатҳое қабл дар ҳамлаи мушакии ҷинояткоронаи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба Димишқ, сардор сартипи посдор Сайидразӣ Мӯсавӣ, аз мусташорони низомии бособиқаи Сипоҳ дар Сурия, ба дараҷаи рафиъи шаҳодат ноил омад.
Шаҳид Мӯсавӣ аз ҳамразмони сардори шаҳид Ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ ва масъули пуштибонии ҷабҳаи муқовамат дар Сурия буд.
Таъкид мешавад, бетардид режими ғосиб ва мутаваҳҳиши саҳюнистӣ товони ин ҷиноятро хоҳад пардохт.”
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ пешниҳоди Мисрро рад карданд
Вокуниши ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин ба шаҳодати Сайидразӣ Мӯсавӣ

Матолиби пурбоздид