Раиси Ҳизби кори Исроил: “Ҳанӯз 120 исроилӣ дар Ғазза ҳастанд”
Ахбори байналмилал
Раиси Ҳизби кори Исроил, озодсозии 4 асири ин режимро иқдоме камаҳамият донист ва гуфт, 120 исроилӣ ҳамчунон дар навори Ғазза ҳастанд ва озод нашудаанд.
Йоир Гулон (Yair Golan), раиси Ҳизби кор дар порлумони режими Исроил, озодсозии 4 асири исроилӣ дар навори Ғаззаро камаҳаммият донист ва гуфт, ҳанӯз 120 нафар дар навори Ғазза асир ҳастанд.
Гулон ин изҳоротро, дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х (Твиттери собиқ) баён кардааст.
Гуфтанист, режими Исроил, рӯзи гузашта, бо ҳамла ба урдугоҳи Насирот дар маркази навори Ғазза бо ба шаҳодат расондани беш аз 200 ғайринизомии фаластинӣ ва маҷрӯҳ кардани садҳо нафари дигар, 4 асири исроилиро озод кард.
Раиси Ҳизби кори Исроил бо ишора хушҳолии мақомоти кобинаи ин режим баъд аз озодсозии ин 4 асир, навишт: “Баъд аз сархушӣ, бояд аз воқеият мутмаин шуд. Ҳанӯз 120 рабудашуда ба хонаҳояшон бознагаштаанд.”
Йоир Гулон идома дод: “Артиши Исроил дар навори Ғазза монда ва дастовардҳое надошта ва дар ҳоли тазъиф шудан аст.”
Гулон, ки моҳи гузашта ба унвони раиси ин ҳизби чапгарои исроилӣ баргузида шудааст, бо ишора ба 120 ҳазор шаҳракнишин, ки ба иллати амалиётҳои Ҳизбуллоҳ дар шимоли Фаластини ишғолӣ ва амалиётҳои гурӯҳҳои муқовамат дар Ғазза маҳалли сукунаташонро тарк кардаанд, гуфт: “Шимол раҳо шуда ва ҷануб ташнаи бозсозӣ аст ва оворагон ба диёрашон бознагаштаанд.”
Ӯ ҳамчунин Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими Исроил ва кобинаашро “фиребкор” хонд ва гуфт, ки онҳо мақомоти амниятии ин режимро таҳқир мекунанд.
Раиси Ҳизби кори режими Исроил дар поён ҷумалоти худро ингуна ба поён бурд ва навишт: “Исроилро танҳо сарнагунии кобина ва баргузории интихобот наҷот хоҳад дод.”
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: