Раисӣ дар дидор бо Путин: “Он чи дар Фаластин сурат мегирад, як наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият аст”

Раисӣ дар дидор бо Путин: “Он чи дар Фаластин сурат мегирад, як наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият аст”
Ахбори байналмилал
Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон, дар дидор бо раисиҷумҳури Русия дар Маскав, бо баёни ин ки Фаластин аз меҳварҳои мавриди музокира байни Эрон ва Русия аст, изҳор дошт: “Ғазза сарзамине аст, ки дар ҳар даҳ дақиқа як кӯдак дар он ба шаҳодат мерасад, аз ин рӯ зарурат дорад ҳар чи зудтар ҷилави ин бомбборонҳо гирифта шавад, бояд дар ин робита роҳ ҳалли сареъ ва фаврӣ дунбол шавад”.
Ба гузориши Ирно, Раисӣ гуфт: “Он чи дар Фаластин сурат мегирад, як наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият аст ва боиси таассуф аст, ки беш аз 5 ҳазор кӯдак ба дасти режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расидаанд”.
Вай тасреҳ кард: “Ҷинояти режими саҳюнистӣ дар Ғазза мавриди ҳимояти Омрико ва кишварҳои ғарбӣ аст ва таассуфбор аст, ки созмонҳои байналмилалӣ ва ташаккулҳои муддаии ҳуқуқи инсон короии худро аз даст додаанд”.
Раисӣ бо баёни ин ки Фаластин ва мардуми мазлум ва муқтадири Фаластин аз меҳварҳои мавриди музокира байни Эрон ва Русия аст, изҳор дошт: “Ғазза сарзаминест, ки дар ҳар даҳ дақиқа як кӯдак дар он ба шаҳодат мерасад, аз ин рӯ зарурат дорад ҳар чи сареътар ҷилави ин бомбборонҳо гирифта шавад, бояд дар ин робита, ки ба дағдағае барои башарият табдил шудааст, роҳи ҳалли сареъ ва фаврӣ дунбол шавад”.
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи мушакӣ ба сафорати Омрико дар Бағдод
Ҳамлаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба чанд пойгоҳи низомии Исроил

Матолиби пурбоздид