Расонаи амрикоӣ: “Дигар наметавон пеши роҳи амалиёти яманиҳоро гирифт”
“Ҳусӣ Че Гевараи асри ҳозир аст”
Ахбори байналмилал
Atlantic
Як нашрияи омрикоӣ навишт, гирифтани пеши роҳи нерӯҳои яманӣ, ки даст ба амалиёти дарёӣ алайҳи Исроил мезананд, тақрибан ғайримумкин шудааст.”
Нашрияи Atlantic навишт: “Аз замоне, ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба манзури эъломи ҳамбастагӣ бо миллати Фаластин ва дифоъ аз борикаи Ғазза, ҳамалот ба киштиҳои муртабит бо Исроилро оғоз кардаанд, Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, ба маҳбубтарин шахсияти умумӣ дар Ховари Миёна табдил шудааст.”
Atlantic навишт: “Абдулмалик Ҳусиро ба Че Гевара шабеҳ мекунанд ва бо ӯ монанди Че Гевараи асри ҳозир рафтор мекунанд ва тасовир ва суханрониҳои ӯро дар шабакаҳои иҷтимоии ҳар 5 қорра ба иштирок мегузоранд.”
Ин нашрия дар идома навишт: “Амалиёти яманиҳо шикофе дар иқтисоди ҷаҳонӣ эҷод карда агарчӣ ҳанӯз арзёбии паёмадҳои ҳамалоти яманиҳо душвор аст, ҳамчунон, ки амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Яман, ҷунбиши Ансоруллоҳро назди ҷавонони араб ва мусалмоне, ки ормони Фаластинро авлавияти худ қарор додаанд, ба қаҳрамон табдил кардааст.”
Ин нашрияи омрикоӣ дар поён ёдовар шудааст, ки таҷовузи эътилофи омрикоӣ-ангилисӣ, нерӯҳои мусаллаҳи Яманро аз идомаи амалиёташон дилсард накардааст.
Тибқи ин гузориш, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, рӯзи гузашта бори дигар таъкид кард, то замоне, ки ҷанг алайҳи Ғазза ва муҳосираи он поён наёбад, амалиётҳои мо дар баҳри Сурх, баҳри Араб, халиҷи Адан ва тангаи Бобулмандиб идома хоҳад дошт ва афзоиш хоҳад ёфт.
Atlantic
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: