Расонаи исроилӣ: Чаро шаҳрвандони исроилӣ барои Эрон ҷосусӣ мекунанд?

Расонаи исроилӣ: Чаро шаҳрвандони исроилӣ барои Эрон ҷосусӣ мекунанд?

Ёдоште дар Маорив

Рӯзномаи исроилии “Маорив”: “Чӣ гуна шаҳрвандони исроилӣ розӣ мешаванд, ки барои Эрон ҷосусӣ кунанд?”

“Эрониҳо дар ин кор, устоданд, онҳо ҳавсалаи лозим барои ҷазби ҷосусро доранд, ҳаргиз аҷала намекунанд (саросема намешаванд) ва ҳамон тавре, ки барои бофтани қолин (гилем) ҳавсалаи лозим доранд, дар ҷазби ҷосус низ ҳавсалаи лозим доштаанд; чизе, ки мо, исроилиҳо надорем…” (Рӯзномаи Маорив)

Режими саҳюнистӣ ахиран муддаъии боздошти чандин исроилӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Эрон дар Телавив, Ҳайфо ва Асқалон шудааст. Рӯзномаи исроилии “Маорив” дар гузорише, ба ангезаҳои шаҳрвандони исроилӣ аз ҷосусӣ алайҳи ин режим пардохтааст.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, рӯзномаи “Маорив” дар гузорише муфассал, саъй карда ба ин пурсиш посух биёбад, ки чаро ва чӣ гуна шаҳрвандони Исроил алайҳи кишвари худ ва барои Эрон розӣ ба ҷосусӣ кардан мешаванд? Ин рӯзнома навиштааст:

“Дар ҳафтаҳои ахир чандин исроилӣ, ки ба ҷосусӣ ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои иттилоотии Эрон эътироф карда буданд шиносоӣ шуданд, ки яке аз онҳо, Моти Мейман, тоҷири 72-сола аз Асқалон ва Владимир Викторсени 30-сола ва дӯстдухтараш Анна Бернштейни 18-сола аст.

Чаро исроилиҳо ҷосусӣ барои Эронро қабул мекунанд?

Амалиёти ҷазби нерӯ – ба навиштаи ин рӯзномаи исроилӣ – ба тарҳи суоли дардноке доман мезанад: чӣ чизе дар зеҳни як шаҳрванди исроилӣ мегузарад, ки пешниҳоди ҷосусӣ ба нафъи Эрон, душмани сарсахти Исроил дар замони ҳозирро бипазирад ва ба кишвари худ хиёнат кунад?”

Ин рӯзнома идома медиҳад:

“Эрониҳо барои ҷазби ҷосус, ба шакли тасодуфӣ амал намекунанд, балки мекӯшанд, то як парвандаи равоншинохтии муфассал барои ҷазби афроде, ки ҳамсӯ бо аҳдофашон ҳастанд, таҳия кунанд ва ин, шомили вежагиҳо ва шохисҳои хоссе аст, ки барои ҳар фард, метавонад мутафовит бошад.

Дарки ангезаҳои равоншинохтӣ, ки фардро ба ҳаракат вомедорад, калиди дарки амалиёти ҷазби ҷосус аст, зеро ҳар фард ангезаҳое дорад, ки ӯро таҳрик мекунад, аз ҷумла ниёз ба қадрдонӣ, иртибот ва наздикӣ, нуфуз ва мушорикат дар амалиёти маҳрамона ва итминон ё ҳаяҷон.

Бар ин асос, бештари мардум намедонанд он ангезаҳое, ки тасмимгириҳо ва интихобҳои онҳоро таҳти таъсир қарор дода ва ҳидоят мекунад, чист ва гоҳе барои расидан ба он, ниёз ба кӯмак доранд.

Пул, танҳо омил нест

Агарчӣ бисёре бар ин боваранд, ки пул, ангезаи аслии ҳамкорӣ бо Эрон аст, аммо танҳо ангезаи онҳо – ба навиштаи ин рӯзномаи исроилӣ – пул нест, балки ниёзи эҳсосӣ ва равонӣ барои пур кардани халаъи отифӣ, эҳсоси ҳаяҷон ва ҳисси маънодор ва муассир будан, омилҳое ҳастанд, ки дар ҷараёни ҷазб нақш доранд.”

“Маъорив” меафзояд: “Афроде, ки ба ҳамкорӣ бо як кишвари душман мувофиқат мекунанд, маъмулан ангеза ва тамоюлашон хориҷ шудан аз риволи хастакунандаи зиндагӣ ва ҷустуҷӯи ҳаяҷон аст ё агар дар равобит бо волидайн ва дӯстон мушкил доранд ва ба навъе худро дар ҳошия эҳсос мекунанд, дар пайи ба даст овардани эҳсоси арзишманд будан дар зиндагӣ ҳастанд.

Дар мавриди Мейман, агарчӣ ӯ маблағи ҳангуфте – як миллион доллар – барои анҷоми маъмурият дархост кард, аммо ангезаи аслӣ мумкин аст ин бошад, ки вай худро бахше аз як ҳадафи бузургтар эҳсос кунад.

Достони ҷазби Викторсен ва Бернштейн печидатар аст, чаро ки мувофиқат бо терури як шахсияти барҷаста дар Исроил суолҳои зиёдеро эҷод мекунад ва ба сахтӣ метавон бовар кард, ки пул ба танҳоӣ боиси эҷоди ангеза дар ин афрод шавад, балки омилҳое чун ҳаяҷон, ба чолиш кашидани қонун, эҳсоси сармастӣ ва ғурур бо мушорикат дар амалиёти сиррӣ ва хатарнок, аз ҷумлаи омилҳои дигар барои даст задан ба чунин иқдоме аст.

Омилҳои равонӣ

Бинобар ин – ба навиштаи ин рӯзномаи исроилӣ – ҷараёни ҷазби ҷосус, ағлаб илова бар ангезаҳои иқтисодӣ, омилҳои равоншинохтӣ монанди худшефтагӣ ва эҳсоси эътимод ба нафсро бо ҳам таркиб мекунад, зеро фарди ҷазбшуда эҳсос мекунад, ки зиндагӣ маънои ҷадиде пайдо мекунад ва эҳсоси қудрат ва аҳаммияти бештаре дар худ мекунад, ки ин амр аз тариқи иртибот бо дастгоҳҳои иттилоотӣ дар ӯ эҷод мешавад.”

“Маорив” менависад: “Эрониҳо аз тарфандҳои равоншинохтӣ монанди асли “ман ин корро метавонам” ва “ӯҳдадорӣ” истифода мекунанд ва дар оғоз ба ҷосусон вазоифи нисбатан осоне медиҳанд. Сипас, аз онҳо маъмуриятҳои бузургтар ва хатарноктаре монанди талош барои терури як шахсияти барҷастаро дархост мекунанд.

Ин тарфанди “ман ин корро метавонам”, ки муҳаққиқони равоншинохтӣ дар бораи он сӯҳбат мекунанд, ба маҳзи ин ки ҷазбшудагон маъмурияти кучакеро шурӯъ мекунанд, эҳсоси “ӯҳдадорӣ” барои анҷоми корҳои душвортар ва хатарноктар барои ҳифзи “обрӯ”-и худ ба вуҷуд меояд.

Дигар омилҳои интихоби ҷосусон

Рӯзнома меафзояд: “Интихоби аҳдоф бо таваҷҷӯҳ ба омилҳое мушаххас ва ба диққат анҷом шуд, ба таври мисол, Мейман ба унвони тоҷири бузург, ки дар Туркия зиндагӣ мекард, равшан аст, ки интихоби вай ба далели осонии рафту омад ба Эрон бино ба равобити тиҷории густардааш анҷом шуд.

Викторсен ва Бернштейн ҳам, ки ҷавон ҳастанд, ба далели тамоюли шадидашон барои доштани зиндагии ҳаяҷонангез интихоб шуданд.

“Маъорив” менависад: “Мавориди фавқ таъкид мекунад, ки хостаҳо ва тамоюлоти инсон – хоҳ ҳаяҷон, эҳсоси маънодор будан ё манфиати молӣ метавонад дар ниҳоят мунҷар ба ҷазби ҷосусон шавад.”

Гузориш дар поён менависад: “Эрониҳо дар ин кор, устоданд, онҳо ҳавсалаи лозим барои ҷазби ҷосусро доранд, ҳаргиз аҷала намекунанд (саросема намешаванд) ва ҳамон тавре, ки барои бофтани қолин (гилем) ҳавсалаи лозим доранд, дар ҷазби ҷосус низ ҳавсалаи лозим доштаанд; чизе, ки мо, исроилиҳо надорем.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Абӯсаиди Абулхайр
Ду нафар дар Исроил ба ҷурми ҷосусӣ барои Эрон боздошт шуданд

Матолиби пурбоздид