Расонаи исроилӣ: Ҳайфо ба шаҳри мушакҳо табдил ёфтааст
Пойгоҳи исроилии Walla: Ҳайфо ба шаҳри мушакҳо табдил ёфтааст
Ахбори байналмилал
Шабакаи Алмаёдин ба нақл аз пойгоҳи исроилии Walla ба ишора ба ҳамалоти мушакии Ҳизбуллоҳ навишт, ки дар шаҳри Ҳайфо дар шимоли Исроил ожирҳои хатар қатъ намешавад.
Масъулони саҳюнист дар шаҳри Ҳайфо нисбат ба ҳамалоти рӯзафзуни мушакӣ ва паҳподии Ҳизбуллоҳ ба ин шаҳр ва мухтал шудани зиндагии рӯзмарра дар он, ибрози нигаронӣ мекунанд.
Расонаҳои исроилӣ дар ин бора гуфтанд, ки Ҳизбуллоҳ дар ҳоли амалӣ кардани таҳдидоти худ дар табдили Ҳайфо ба Кирёт-Шмона ва рокетборони рӯзонаи ин шаҳр аст ва шаҳракнишинон мудом роҳии паноҳгоҳҳо мешаванд.
Пойгоҳи Walla навишт, раванди ҳамалоти Ҳизбуллоҳ ба шаҳри Ҳайфо рӯ ба афзоиш аст ва сокинони ин шаҳр аз ташдиди танишҳо ва ояндаи пеши рӯй бим доранд.
Йуно Йоҳоф, раиси Ҳайфо, ба Walla гуфт: “Хиёбонҳо холӣ аз сакана ва худравҳо шуда, эҳсоси нигаронкунандае аст, мағозаҳо тақрибан таътил аст, мардум метарсанд аз манозил хориҷ шаванд, ҳамчунин ҳутелҳои кӯчак дар остонаи варшикастагӣ аст.”
Йоҳоф ба масъалаи муҳоҷират аз шаҳри Ҳайфо ишора кард ва гуфт: “Мавзӯъи муҳоҷирати маъкус аз Ҳайфо оғоз шудааст, намедонам вазъият ба куҷо мунтаҳӣ хоҳад шуд.”
Walla ба нақл аз масъулони Ҳайфо навишт: “Садои мушак ва ожири хатар қатъ намешавад, мардум дар биму ҳарос зиндагӣ мекунанд ва аз идомаи ин вазъият норозӣ ҳастанд, фаъолиятҳои тафреҳӣ дар соҳил таътил шудааст.”
Ҳизбуллоҳи Лубнон тайи ҳафтаҳои ахир бар умқ ва шиддати заработи мушакӣ ва паҳподии худ афзуда ва Ҳайфо ба яке аз ҳадафҳои рӯзонаи ҳамалоти размандагони Ҳизбуллоҳ табдил шудааст.
Қаламонлайн