Рафтори бо адолат дар байни фарзандон
Сабки зиндагӣ
Рафтори ҳамоҳанг ва одилона ва муҳаббат ва таваҷҷўҳ ба таври баробар ба фарзандон, асли созандае аст, ки то умқи вуҷуди кўдак, асар мегузорад.
Дар бархе аз ривоёт супориш шудааст, ки падару модар аз фарқгузорӣ байни фарзандон ва риоят накардани инсоф дар байни онҳо парҳез кунанд. Балки адолат ва ба як чашм нигаристанро сарлавҳаи рафтори хонаводагии худ қарор диҳанд. Падару модар дар вақтҳои харидани либос, ҳадя ва ҷавоби салом, набояд руҳи кўдакро бо риоят накардани инсоф озор диҳанд. Ногуфта намонад, ин ки падар ё модар ба яке аз фарзандони худ аоқаи хоссе дошта бошад, то ҳадде табиӣ аст ва шояд берун аз иродаи онҳо бошад, амо нуктаи муҳим ва асосӣ ин аст, ки набояд ин алоқаи хосс дар рафтор ва амалҳои падару модар таъсир гузорад, ба тавре ки дигарон ҳам ин алоқа ва иртиботи хоссро бифаҳманд.
Намунаҳое дар зиндагии хонаводагии ҳазрати Заҳро дида мешавад, ки нишонгари таваҷҷўҳ ва диққат нисбат ба ин мавзўи муҳим мебошад.
Рўзе Имом Ҳасан назди Паёмбар (с) омад ва изҳори ташнагӣ кард. Аз Паёмбар дархости об кард. Расули Худо зуд аз ҷой бархост ва зарферо гирифт ва аз гўсфанде, ки дар дар дохили манзил буд, миқдоре шир дўшид ва ба Имом Ҳасан дод. Дар ин миён Имом Ҳусейн хост то зарфи ширро аз бародараш гирад, аммо Паёмбар монеи гирифтан зарфи шир шуд. Фотимаи Заҳро, ки ин саҳнаро мушоҳида кард ба Паёмбар гуфт: Гўё Ҳасан барои шумо аз Ҳусейн азизтар аст.
Паёмбар фармуд:
На ҳар ду бароям азизанд, вале чун аввал Ҳасан аз ман об хост, ҳақро бо ў донистам.
Намунаи дигар ин ки рўзе Расули Худо (с) имом Ҳасан ва имом Ҳусйн(а) ро бар душ гирифт ва ононро мавриди лутф ва навозиш худ қарор доданд. Дар ҳамон ҳол, онҳоро ба хона оварданд ва чун бачаҳо гурусна буданд, модарашон Заҳро (а) барои онҳо нону хурмо овард. Пас аз ин ки нон ва хурморо хўрданд, Паёмбар рў ба онҳо кард ва фармуд:
Бо ҳам гўштин бигиред!
Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн (а) ба дархости Паёмбар, гушти гирифтанд. Ҳазрати Заҳро (а) мегўянд: Ман дидам, ки Паёмбар бо ҷумалоте Ҳасанро ташвиқ карда ва дар садади тақвияти ўст. Ба ҳамин хотир, бо падарам гуфтам:
Эй падари бузургвор! Аз шумо тааҷҷуб мекунам, ки якеро бар дигари тарҷеҳ диҳед, он ҳам бузургтаро бар кучактар! Паёмбар фармуд:
Дўстам Ҷабраил, Ҳусейнро ташвиқ мекунад ва ман Ҳасанро ташвиқ менамоям.
Ин ду ҳодисаи кўтоҳ, вале пур аҳамияти таърихӣ ба мо меомўзонад, ки ҳазрати Заҳро (а) бо тавзеҳоте, ки аз падараш мешунавад, муътақид мегардад, ки табъизе дар кор нест. Ба ҳар ҳол эҳтимоми Фотимаи Заҳро (а) ба адами табъизи кўдакон, қобили таваҷҷуҳ ва тааммул аст.
Қаламонлайн