Рақобати Туркия ва Русия дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз

Таҳлили хабарӣ

Рақобати Туркия ва Русия дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз

Таҳлиле дар The National Interest

Нашрияи таҳлилии амрикоии The National Interest дар як ёддошт, афзоиши рӯзафзуни нуфузи Туркия дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар пасзаминаи ҷанги Украинаро баррасӣ намуд.

Ин нашрия шароити жеополитикии шинохташудаеро, ки ба нафъи Амрикост, феҳраст кардааст.

Ин нашрия менависад:

Ҷанги Украина ва таҳримҳои ғарб, равобити иқтисодии Русия ва Туркияро тақвият кардааст. Маскав бо афзоиши содирот ба Туркия ба яке аз шуракои аслии Анкара табдил шуда ва содироти Туркия ба Русия низ афзоиш ёфтааст. Дар шароити инзивои Русия аз ғарб, Туркия ба унвони харидори гази Русия ва содиркунандаи муҷаддади колоҳои аврупоӣ ба бозори Русия аҳамияти фазояндае пайдо кардааст.

Бо ин ҳол, ин ҳамкорӣ бо як рақобати жеополитикӣ ҳамроҳ аст. Туркия Русияро дар Қафқози ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ ба чолиш мекашад; ду минтақае, ки Маскав қотеона онҳоро ба унвони бахше аз ҳавзаи нуфузи инҳисории худ медонад.

Туркия аз Озарбойҷон ба унвони дарвозае ба самти кишварҳои турки Осиёи Марказӣ истифода мекунад. Бинобар ин, як пӯёии фарохазар (фарокаспий) таҳти ҳимояти як блоки турк дар ҳоли зуҳур аст, ки ҳавзаҳои мухталифе монанди амният, тиҷорат ва фарҳангро пӯшиш медиҳад.

Нуфузи фазояндаи жеополитикии Туркия дар минтақаи Хазар (Каспий)-ро метавон дар ҷанги Қарабоғи Куҳӣ, соли 2020 байни Арманистон ва Озарбойҷон ҷустуҷӯ кард. Озарбойҷон бо ҳимояти низомии густардаи Анкара қодир ба бозпасгирии бахши зиёде аз сарзамин буд, ки дар таҳти нуфузи Қаробоғи ба расмият шинохтанашуда аз авоили даҳаи 1990 қарор дошт.

Агарчи бо миёнаравии Владимир Путин оташбас дар минтақаи Қаробоғ барқарор шуд ва ба неруҳои ҳофизи сулҳи русӣ дастури вуруд ба минтақаи даргириро дод, аммо ин воқеиятро тағйир надод, ки ҷанг бо пирӯзии муттаҳиди Туркия – Озарбойҷон ва шикасти муттаҳиди Русия – Арманистон ба поён расид. Бинобар ин, Туркия бо мудохилаи низомӣ дар Қафқози ҷанубӣ инҳисори низомии Русияро дар минтақа шикаст.

Туркия ва Озарбойҷон дар паи ин муваффақият, иттиҳоди стротежикии худро дар баёнияи соли 2021 таҳким бахшиданд.

Дар идома, сентябри соли 2023, Озарбойҷон ба ҳадафи сисолаи худ, яъне контроли комили Қарабоғи Куҳистонӣ аз тариқи як ҳамлаи низомӣ дар баробари чашмони ҳофизони сулҳи русӣ, даст ёфт ва дар апрели соли 2024, Русия хуруҷи фаврӣ ва комили неруҳои худро аз Қарабоғ эълом кард.

Ин иқдом ба кишварҳои турки Осиёи Марказӣ нишон дод, ки ҳамкорӣ бо Анкара метавонад манофеи амниятии воқеӣ ба ҳамроҳ дошта бошад.

Қазоқистон ва Узбекистон равобити дуҷонибаи худро бо Туркия ба сатҳи як мушорикати роҳбурдии ҷомеъ боло бурданд ва тавофуқотеро барои тавсиаи ҳамкориҳои низомӣ дар заминаҳое монанди омӯзиш, тамриноти низомии муштарак, ҷамъоварии иттилоот мунъақид карданд.

Инчунин санъати дифоии Туркия басуръат дар ҳоли касби тасаллут дар бозорҳои рӯ ба рушди ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар Осиёи Марказӣ аст ва дар натиҷа султаи Маскав ба унвони танҳо таъминкунандаи таслиҳоти низомии минтақа шикаста шуд.

Даргириҳои марзии хушунатомез дар солҳои 2021 ва 2022 байни неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ҳар ду аз аъзои эътилофи низомии CSTO ба раҳбарии Русия ҳастанд ва мизбони пойгоҳҳои низомии Русия дар хоки худ ҳастанд, танҳо бо вокуниши мулоим аз сӯи Русия рӯбарӯ шуд. Дар иваз, аммо Туркия барои ҳимоят аз талошҳои оштии байни Қирғизистон ва Тоҷикистон мудохила кард ва бахше аз пешрафтҳои ахир дар тавофуқномаҳои марзиро ба дастоварди худ табдил кард.

Ҳамкории туркҳо ҳамчунин ба тақвияти коридори тиҷорӣ ва ҳамлу нақли Трансхазар, ки ба Коридори миёнӣ шинохта мешавад, кӯмак мекунад; масири ҷойгузин барои тиҷорат байни Аврупо ва Осиё, ки Русияро давр мезанад. Аз ин рӯ, барои ғарб низ ин ҳамкориҳо мавриди эҳтиром ва ҳимоят аст.

Коридори миёнӣ шабакае аз ҷодаҳо, роҳи оҳан, масирҳои дарёӣ аст, ки Аврупо ва Осиёро аз тариқи Осиёи Марказӣ, Қафқози ҷанубӣ ва Туркия ба якдигар муттасил мекунад. Коридори миёнӣ кишварҳои Қафқози ҷанубӣ ва Осиёи Марказиро бо ибтикори дарвозаи ҷаҳонии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамчунин ибтикори камарбанд ва ҷодаи Чин муртабит мекунад.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маънои ҳақиқии хушбахтӣ
Баёнияи муштараки нишасти раиси ҷумҳури Узбекистон ва намояндаи тиҷории Амрико

Матолиби пурбоздид