Раҳбари Яман: “Ҷинояти Омрико ва Исроил бидуни посух ва муҷозот нахоҳад монд!”

Раҳбари Яман: “Ҷинояти Омрико ва Исроил бидуни посух ва муҷозот нахоҳад монд!”

Ахбори байналмилал

Masirahtv

Раҳбари инқилоби Яман, бо таъкид бар муҷозоти Омрико ва Исроил, аз мардуми ин кишвар хост, ки барои ҳимоят аз миллати Фаластин тазоҳурот баргузор кунанд ва дар он мушорикат дошта бошанд.

Ба гузориши Алмасира, Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, раҳбари инқилоби Яман, аз мардуми ин кишвар хост, ки фардо ҷумъа дар тазоҳуротҳое, ки барои ҳимоят аз мардуми Фаластин баргузор хоҳад шуд, ширкат кунанд.

Ҳусӣ гурезе ҳам ба ҷинояти Омрико дар баҳри Сурх зад ва гуфт: “Омрико ва Исроил, бо ҳамла ба нерӯи дарёии мо дар баҳри Сурх, ҳамоқат карданд, вале ин ҳамлаи ҷинояткорона, бидуни посух ва муҷозот нахоҳад монд.”

Гуфтанист, Фармондеҳии марказии артиши Омрико дар Ховари Миёна (CENTCOM) ахиран дар баёнияе эълом кард, ки бо нерӯҳои яманӣ дар баҳри Сурх даргир шуда ва 10 низомии яманиро ба шаҳодат расондааст.

Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, ба дунболи баёнияи CENTCOM таъкид карда буд, ки Омрико бояд масъулияти ба шаҳодат расондани нерӯҳои дарёии Яманро бипазирад ва иқдомоташ монеъи нерӯҳои яманӣ барои амал ба вазифаи динӣ ва ахлоқиашон дар қиболи Фаластин нахоҳад шуд.

Артиши Яман дар ҳимоят аз мардуми Фаластин пештар дар баёнияе эълом карда буд, ки ба ҳеч киштии исроилӣ ва киштиҳое, ки мақсади онҳо сарзаминҳои ишғолии Фаластин аст, иҷозаи убур аз тангаи Бобулмандиб ва баҳри Сурхро нахоҳад дод.

Хабаргузории расмии Яман ба нақл аз раҳбари Ансоруллоҳ гузориш дод, ҷабҳаи Яман алайҳи саҳюнистҳо фаъол аст; аз мушакҳои болистик ва болдор гирифта то паҳпод ва иқдомоте, ки алайҳи иқтисод ва тиҷорати дарёии онон сурат гирифтааст.

Вай бо ишора ба ин ки саҳюнистҳои омрикоӣ аз таъсироти ин ҳамалот бар Исроил ба шиддат хашмгин ҳастанд, гуфт: “Хуруҷи миллионии миллати мо дар рӯзи ҷумъа, дар Санъо ва соири устонҳо, фақат ба хотири вафодорӣ ба хуни шуҳадое аст, ки дар амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо”, дар садри муборизаи мустақим бо душмани омрикоӣ қарор доранд.

Masirahtv

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

ДОИШ расман масъулияти ҳамлаи теруристии Кирмонро бар ӯҳда гирифт
Шурути ҷазби ахлоқи некӯ

Матолиби пурбоздид