Раҳмон: Аморот дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим дорад
Дар ҳошияи дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Вазири энергетикаи Аморот
Дар торихи 13 октябр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Суҳайл Мазрӯӣ мулоқот намуд.
Дар ин мулоқот масоили ҳамкории байни ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат ишора намуд, ки Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим дорад ва Тоҷикистон ҳавасманди тақвият ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо он мебошад.
Инчунин ҳар ду ҷониб, зимни мулоқот масоили рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ сӯҳбат намуда, аз сатҳи робитаҳои сиёсӣ байни ду кишвар ва ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ изҳори назар намуданд.
Дар ин дидор, дар мавриди рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энеретика, ифтитоҳи корхонаҳои муштарак дар бахшҳои саноати кӯҳии Тоҷикистон, коркарди пахта ва махсулоти ниҳоӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, сармоягузории лоиҳаҳои судовар ва ҳамкории ниҳодҳои молиявию бонкӣ, мавриди сӯҳбати ду ҷониб қарор гирифт.
Инчунин дар ин дидор, дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Аморот, густариши робитаҳои туристӣ, хатсайрҳои ҳавоӣ гуфтугӯ ва табодули назар шуд.
Қаламонлойн