Ҳар балое к-аз ту ояд, раҳматест…

Адаб

Ҳар балое к-аз ту ояд, раҳматест…

Ҳикояти кишоварз ва рехтани гандумҳо

Даврони хушксолӣ ва қаҳтӣ буд. Кишоварзе назди осиёбон рафту гуфт: Бачаҳои ман гуруснаанд. Аз ту мехоҳам миқдоре гандум ба ман қарз бидеҳ, ман баъдан ба ту бармегардонам.

Осиёбон миқдоре гандумро даруни порчае рехту онро гиреҳ баст ва ба марди кишоварз дод.

Марди кишоварз хушҳол ба сӯи хонааш рафт.

Ҳамин тавр ки ба самти хонааш мерафт, дуо мекарду мегуфт: Худоё, ба ҳаққи иззатат гиреҳ аз мушкилоти мардум боз кун! Гиреҳ аз гирифториҳои мардум боз кун! Гиреҳ аз ин хушксолӣ ва аз ин қаҳтӣ боз кун!

Хулоса ин қадар гиреҳ-гиреҳ кард, то ин гиреҳҳои рӯмолаш боз шуд ва ҳамаи гандумҳо рӯи замин рехт.

Кишоварз чунон асабонӣ шуд, рӯ кард ба Худо, гуфт:

Солҳо нарди худоӣ бохтӣ

Ин гиреҳро з-он гиреҳ нашнохтӣ?!…

Ман туро кай гуфтам, эй ёри азиз

К-ин гиреҳ бикшою гандумро бирез?…

Он гиреҳро чун наёрастӣ гушуд

Ин гиреҳ бикшоданат, дигар чӣ буд?

Ман худованде надидам з-ин намат

Як гиреҳ бикшодию он ҳам ғалат!

Алғараз, баргашт мискин дарднок

То магар барчинад он гандум зи хок

Чун барои ҷустуҷӯ хам кард сар

Дид, афтода яке ҳамёни зар!

Саҷда карду гуфт: К-эй Рабби Вадуд

Ман чӣ донистам, туро ҳикмат чӣ буд?

Ҳар балое к-аз ту ояд, раҳматест

Ҳар киро фақре диҳӣ, он давлатест.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маноқиби Имоми Аъзам(р)
Парвозҳо байни Русия ва Тоҷикистон афзоиш меёбад

Матолиби пурбоздид