Рисолаи Абуҳафси Суғдӣ

Фарҳанг

Рисолаи Абуҳафси Суғдӣ

Нахустин фарҳанги форсӣ

Бе ҳеч иғроқ, агар Самарқанд (ва ҳам Бухоро)-ро аз шаҷараи форсию тоҷикону Эрон канор гузорем, инҳо монанд ба дарахти тановаре хоҳанд буд, аз решаи аслӣ ҷудо. Ва ҳар дарахти береша чӯби хушку ҳезумест дархӯри оташи гулаху гулхан. Самарқандро пешиниён ба сабаби сабзию хуррамӣ ва фаровонии неъмату касрати боғҳову мазореъ яке аз чаҳор биҳишти рӯйи замин ангоштаанд. Ин биҳиштҳо ё «ҷанноти арбаъа» иборат аст аз Ғутаи Димишқ, Шиъби Баввони Форс (Шероз), Убулла дар Басра ва Суғди Самарқанд.

Самарқанд дар донишу фарҳанги пешазисломии форсию эронӣ ва ҳам баъди он нақши меҳварӣ доштааст ва агар Эронзаминро қалби ҷаҳон хонем, бегумон Самарқанд руҳе пойдор дар қалбу ҷисми Эрон будааст. Ба шаҳодати таърих, Самарқанд Искандари шохдори мақдуниро бори заҳмати дандоншикан шуд, ки ин говмағзи шохчунг дигар аз ҳилаву макри шағолӣ кор гирифт алайҳи самарқандиён. Самарқанд қутайбаиҳои аз саҳрои араб воруншударо ҳамчу Бухорову Балх ба танг оварду калофаю абгор кард. Самарқанд дар баробари Чингизи кафтору урдуи нопоки хуношомаш поймардии беамсол намоиш дод ва пас аз набардҳои мудофиъони Самарқанд Чингиз, тибқи ривоятҳо, савганд ёд кард, ки қавме тоҷик бояд дар ин ҷаҳон набошад, ки эмин бимонад. Ва низ овардаанд, Самарқанд, маъвое гашт, ки дар талотуми арабгирифторӣ бори нахуст аз он макон лафзи форсӣ танин андохт:

Самарканди кандманд!

Баз-инат кӣ афканд?…

Қофиласолори назми ҷаҳонгири порсӣ, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, парвардаи Самарқанд аст, Оли Сомон, эҳёгари давлати тоҷикон пас аз истилои араб, камолу ҷалолёфта дар Самарқанд будаанд ва даҳу саду ҳазорони дигар, ҷоме аз адабу илми Самарқанд нӯш карда, ифтихори Хуросону Эрон гаштанд. Нахустин фарҳанги форсӣ ба форсӣ ҳам дар олами маърифати Эронзамин аз Самарқанд рӯй намуд. Нависандаи он – Абуҳафс Ҳаким писари Аҳваси Суғдӣ, шоъире порсигӯй (поёни асри 9 ва оғзои асри 10), зодаи ҳамин Самарқанди Бостону шуҳраи Суғду Хуросон.

Абуҳафси Суғд ба ривояте, нахустин касест, ки ба порсии нав (порсии дарӣ) шеър сурудааст ва дар эроншиносӣ, дар пажӯҳишҳои марбут ба забони форсӣ, ҳамчун яке аз гӯяндагони нахустин суруд ба порсии дарӣ бо ин шоҳбайташ матраҳ аст:

Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо?!

Ӯ надорад ёр, бе ёр чӣ гуна бувадо?!

Абуҳафси Суғдӣ мусиқидон низ будааст, ихтироъи сози шаҳрӯд аз ӯст.

Ҳамин тариқ, манобеи илмиву адабӣ ҳамчунин аз фарҳанги вожае бо номи «Рисолаи Абуҳафси Суғдӣ» аз Абуҳафс ёд кардаанд. «Рисолаи Абуҳафси Суғдӣ» яке аз нахустин фарҳангҳои форсӣ ба форсист, ки бино бар тахминҳо, дар авоили асри 10 таълиф шуда. Аммо ин асар то кунун дастрас нашудааст. Азбаски дар фарҳангҳои «Маҷмаъу-л-фурс»-и Сурурӣ ва «Фарҳанги Рашидӣ» аз «Рисолаи Абуҳафси Суғдӣ» чанд иқтибос овардаанд, гумон меравад, ки он то асри 17 дастраси аҳли фазлу адаб будааст. Чунончи Сурурӣ аз «Рисолаи Абуҳафси Суғдӣ» панҷ маротиба ёд карда, шарҳу шавоҳиди луғавиро бар ашъори Рӯдакиву Носири Хусраву Унсурӣ овардааст. Дар ишораи «Фарҳанги Рашидӣ» абёти Рӯдакӣ, Хусравӣ, Мунҷик, ва Абуҳафиси Суғдӣ омадаанд. Байти Абуҳафси Суғдӣ бар шарҳи маънои калимаи чоргар (ҷургар?), яъне муфтӣ аст (ин дувумин байтест, аз Абуҳафси Суғдӣ бо даст омада):

Бӯсу назарам ҳалол бошад бо ёр,

Ин фатво ман гирифтаам аз чоргар.

Бо вуҷуди он ки «Рисолаи Абуҳафси Суғдӣ» дар фарҳангҳои муътабар ёд шудааст, зикре аз он дар «Луғати Фурс»-и Асадии Тӯсӣ, ки аз ҷиҳати замон ба он наздик аст, ба назар намерасад. Аз ишорату истиноди фарҳангнависон бармеояд, ки «Рисолаи Абуҳафси Суғдӣ» дар доираи онон эътибору эътимоде доштааст ва аз тарзи нигориши ӯ пайравӣ низ мекардаанд. Беҳтарин ва муътамадтарин фарҳангҳои форсӣ («Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ, «Сиҳоҳу-л-фурус»-и Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ, «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ» ва ғ.) бо бо сабку равиши «Рисолаи Абуҳафси Суғдӣ» тасниф шудаанд.

Обид Шакурзода

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шикасти сангини Телавив дар Ғазза
Амрико чаҳоряки мушакҳои худро аз даст додааст

Матолиби пурбоздид