Таниш миёни ҷангҷӯёни ӯзбек ва давлати Ҷулонӣ дар Сурия
Ахбори байналмилал
Гурӯҳе аз ӯзбекҳо, ки давлати Ҷулониро ба эъмоли фишор бар онҳо ва таҳдид ба ихроҷ ва дастгирӣ муттаҳам кардааст, баёнияе содир карданд.
Дар ин баёния, ба худдории ҷангҷӯёни ӯзбек аз пайвастан ба артиши Сурия ва таҳдиди касоне, ки дар артиш идғом шудаанд ба хуруҷ аз он ишора дорад; амре, ки нишонгари вуҷуди таниши фазоянда дар миёни ситезаҷӯёни хориҷӣ алайҳи ташкилоти низомии вобаста ба давлати шӯришиён ба саркардагии Абӯмуҳаммади Ҷулонӣ аст, ки бо ин афрод алайҳи ҳукумати Башшор Асад шӯриш карда ва қудратро ба даст гирифт.
Қаламонлайн













