Роҳҳои наздик шудан ба муваффақият
Барои наздиктар намудани Шумо ба муваффақият ва комёбӣ ин одатҳо нақши муҳимме доранд
Ба даст овардани ин одатҳои тиллоӣ равишҳои хоссе дорад. Эҷоди одатҳои ҷадид кори сахту душворе нест, аммо аз инсон сахткӯшӣ, назму интизом ва тааҳҳуд барои пайравӣ аз ҳар як барномаро металабад.
Нуктаи калидӣ ин аст, ки аз кучактару осонтар шурӯъ кунед ва як ё ду одатро интихоб кунед, ки мехоҳед рӯи он тамаркуз ва диққати кофӣ дошта бошед.
Ҳар одат ҳадди ақал 60 то 90 рӯз замон металабад то дар вуҷуди мо ниҳодина шавад.
Ҳангоме ки ин одатҳо реша давонид, метавонед дар тӯли сол ба онҳо изофа кунед.
Дар зер феҳраствор ба одатҳои тиллоии инсонҳои муваффақ ишора мекунем ва дар навиштаҳои баъдӣ, дар бораи ҳар кадом, ба таври муфассал сӯҳбат хоҳем намуд.
1 – Мутолиаи рӯзона
2 – Ҳалли масъала
3 – Авлавиятбандии корҳо – корҳои заруриро шиносоӣ кардан
4 – Мудирияти дороиҳо ва сарватҳо
5 – Саҳархезӣ
6 – Муайян кардани ҳадафҳо
7 – Хӯрду хӯроки солим
8 – Шабакасозӣ кардан
9 – Натарсидан аз шикаст
10 – Қадрдонӣ кардан
11 – Доштани барнома
12 – Зиндагии бидуни афсӯс…
Қаламонлайн