Сад барги ҳақиқат
“Баргҳои ҳақиқат” дар каломи Адиба Хуҷандӣ
“Бадтарин гуноҳ, маъмултарин гуноҳ дурӯғ аст.Чи қадар ба дурӯғи ту умед мебанданд ва чун мефаҳманд фиребу дурӯғ, дилашон мешиканад, садои ин шикастанро Худованд мешунавад”.
“Мусулмонон хеле хеле зиёдтар аз аҳли насоро дурӯғ мегӯянд; ҳар рӯз ба фиреб мепечем, мард ба занаш, ошиқ ба маъшуқ, падару модар ба кӯдаки хурдсолаш, ҳофизони қонун ба қонун… саропо дурӯғ мегӯему мешунавем, фиреб медиҳему фиреб мехурем”.
“Дурӯғро бад мебинам, аммо ҳамеша дурӯғ маро меёбад, ҳамеша фиреб мехурам”.
“Зиндагиятонро дугунаю дуранг, дилатонро дурӯя накунед. Агар шоиред, он гуна бошед, ки панди шумо, сафои шумо, ишқи шумо, некиву покии шумо, меҳру муҳаббати шумо, ки дар шеър меситоед, аввало сифати худатон бошад”.
“Дар хилват ҳам озодаву поку боадаб бошед, ҳамеша нигоҳи осмону замин, макону замону халқ дар ҳама ҷо назораатон дорад”.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн